Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ВАКОЛАТДОРИ МАРКАЗ ВА РОҲБАРОНИ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

Нашр шуд: 29 Июни 2022
Диданд: 2084

Душанбе, 29-уми июни соли 

29-уми июни соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф вохӯрии роҳбарияти Маркази миллии тестӣ ва мақомоти дахлдори давлатӣ бо намояндагони ваколатдори Марказ ва роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ сурат гирифт.

Чунин ҷаласа ҳар сол маъмулан дар арафаи маъракаи муҳимми соҳаи маориф – оғози имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Дар вохӯрии роҳбарияти муассисаи мазкур бо намояндагони ваколатдори Марказ дар марказҳои имтиҳонӣ ва роҳбарони чунин марказҳо, ҳамчунин намояндагон ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд.

Ҷаласаро муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед  кушода, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб кард, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан, аз муҳимтарину намоёнтарин маъракаи ҳарсолаи соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб меравад ва ҳадафи ҷамъ омадани аҳли маҷлис низ баррасии масъалаҳои муҳимтарини марбут ба оғоз ва баргузории ин имтиҳонҳо аст.

Сипас директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ба сухан баромада, муҳимтарин нуктаҳоро дар иртибот ба баргузории имтиҳонҳои мазкур ва дурусту бенуқсон роҳандозӣ кардани он барои намояндагони ваколатдори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои имтиҳонӣ ва роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ бозгӯӣ ва таъкид кард.

Ҷаъфарзода С.. Ф., аз ҷумла қайд кард, ки масоили риояи тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳо, интизоми корӣ, муошират бо кормандон ва мардум, риояи комили вазифаю уҳдадориҳо аз ҷониби кормандони марказҳои имтиҳонӣ, ҷилавгирӣ аз ҳама гуна ҳолатҳои рух додани амалҳои коррупсиониву ба он шабеҳ ва аъмоли иғвогаронаву қаллобӣ ва монанди инҳост набояд аз мадди назари кормандони масъул дар баргузории имтиҳонҳо лаҳзае дур монад. Бинобар ин ки шумо, намояндагони ваколатдори Марказ ва роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ, масъулони асосӣ барои назорати пурраи раванди имтиҳонҳоед, иҷро ва таъмини ҳамаи ин ба фаъолияти бенуқсону дурусти шумо сахт вобаста аст. Ҳузури намояндагони мақомоти қудратию низомию дигар низ ин ҷо маҳз ба ҳамин хотир аст. Мо бо сипосгузорӣ аз ҳамкориҳои қаблиашон умедворӣ аз кумаку мусоидати самарабахшашон дар маъракаи муҳимми пешистода дорем. Мутмаинем, ки кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷрибаю кордоние, ки дар соҳаи худ доранд, ҳамаҷониба баҳри бенуқсону ҳадафмандона анҷом додани ИМД дар соли ҷорӣ, пешгирӣ кардан аз рухдоди ҳолатҳои фавқулода дар ин самт ҳамраъйиву мусоидат хоҳанд кард. Мақомоти мазкур барои иҷрои нақшаҳои стратегии Маркази миллии тестӣ ва татбиқи бахшҳои дахлдори барномаҳои давлатӣ бо мо шарику ёру ёвари доимӣ ҳастанд ва шумо низ, ҳамкорони гиромӣ, дар мавридҳои зурурӣ, чунончи, ҳангоми шоҳиди амалҳои коррупсиониву фасод, қаллобию иғвогарӣ ва ё дигар рафторҳои номатлуб шудан дар робита ба ИМД ва умуман, фаъолияти Марказ ё иттилоъ ёфтан бетараф набошед ва дар ин бора бояд фавран, дар баробари ба роҳбарияти Марказ хабар додан, мақомоти дахлдори номбурдаро низ огаҳ намоед.

Барои мувофиқи мақсаду талабот баргузор кардану ҷамъбаст кардани ИМД-2022 шумо, пеш аз ҳама, бояд вазифаю уҳдадориҳои худро донед. Сониян, дар иҷрои онҳо масъулияту ҷавобгарии худро комилан дарк карда, онҳоро бе камбуд ба иҷро расонида тавонед. Барои ҳар як корманди МИ – аз фаррош то роҳбари МИ ва намояндаи Марказ зарур аст, ки кор, вазифа, уҳдадорӣ, масъулияти худро бе ягон каму кост донад, − таъкид кард Ҷаъфарзода С. Ф.

Намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сухан баромада, кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои риояи комили тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳо, ҳаргиз набаромадан аз чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда, муқовимат бо ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ аз онҳо ва амсоли ин таъкид намуданд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон