Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ МАРКАЗ ВА МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ВАКОЛАТДОРИ МАРКАЗ ВА РОҲБАРОНИ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

Нашр шуд: 26 Июни 2024
Диданд: 4659

Душанбе, 26-уми июни соли 2024

25-уми июни соли 2024 дар маҷлисгоҳи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 65-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии роҳбарияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори давлатӣ бо намояндагони ваколатдори ин ниҳод ва роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ доир шуд.

Дар ҷаласа директори Маркази миллии тестӣ ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд.

Дар аввал муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед  дар суханрониаш таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб кард, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (ИМД) воқеан аз муҳимтарину намоёнтарин чорабинии ҳарсолаи соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб меравад ва ҳадафи ҷамъ омадани аҳли маҷлис низ баррасии масъалаҳои муҳимтарини марбут ба ин имтиҳонҳо аст.

Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, муҳимтарин нуктаҳоро дар иртибот ба баргузории имтиҳонҳои мазкур ва дурусту бенуқсон роҳандозӣ кардани он барои намояндагони ваколатдори Марказ дар марказҳои имтиҳонӣ ва роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ бозгӯӣ ва таъкид кард.

Ҷаъфарзода С. Ф. аз намояндагон ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ваколатдори Маркази миллии тестӣ дар марказҳои имтиҳонӣ ва роҳбарони марказҳои имтиҳонии  шаҳри Душанбе, ки он ҷо ҳузур доштанд, барои ҳамкориҳои судманд, мусоидаташон дар ташкилу роҳандозии ҳадафмандонаи ИМД ва самтҳои дигари фаъолияти Марказ сипосгузорӣ намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки ИМД мавриди  таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад  ва Президенти кишвар барои шаффофу одилона ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор  кардани ин имтиҳонҳо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Барои мувофиқи мақсаду талабот баргузор ва ҷамъбаст кардани ИМД-2024 шумо, намояндагони ваколатдор ва роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ пеш аз ҳама, бояд вазифаю уҳдадориҳои худро донед. Сониян, дар иҷрои онҳо масъулияту ҷавобгарии худро комилан дарк карда, онҳоро бе камбуд ба иҷро расонида тавонед. Барои ҳар як корманди  маркази имтиҳонӣ – аз фаррош то роҳбар ва намояндаи Марказ зарур аст, ки кор, вазифа, уҳдадорӣ, масъулияти худро бе ягон каму кост донад ва иҷро кунад, таъкид кард Ҷаъфарзода С. Ф.

Намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ изҳори ақида карда, кормандони Марказро барои риояи комили тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳо, набаромадан аз чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда, муқовимат ба ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ аз онҳо ва амсоли ин таъкид намуданд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон