Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 11 Июли 2024
Диданд: 8598

Душанбе, 11-уми июли соли 2024

11-уми июли соли 2024 дар толори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд: Марказ) ҷаласаи кормандони Марказ бо иштироки намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Ниҳоди мазкурро дар ин ҷаласа-вохӯрӣ полковники адлия Шарифзода Абдулфайёз намояндагӣ кард.

Ҷаласаро директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ифтитоҳ карда, дар бораи рӯзномаи ҷаласа маълумот дод.

Намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Шарифзода Абдулфайёз аввалан тазаккур дод, ки дар асри ХХI инсоният бо хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ гаштааст, ки терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи онҳо аст. Экстремизм ва терроризм, ҳамчун хатари бузург ба амнияти миллии давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунад. Аудиторияи Марказ хеле бузург аст ва дар ин маврид метавонад барои пешгирӣ аз чунин зуҳуроти номатлубу харобиовар, нагаравидани аҳли ҷомеа, бахусус насли ҷавони мамлакат, ба он ба таври шоиста ҳиссагузор шавад.

Шарифзода Абдулфайёз қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо ин вабои аср, пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризм чораҳои ниҳодӣ ва фарогир андешида, як қатор барнома ва қонунҳои дахлдор қабул намудааст. Аз ҷумла, “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намудааст.

Муқовимат бо коррупсия низ аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зеро фасоду ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ монеаи рушди, эҷоди ҷиноятҳои гуногун ва боиси рукуди ҳар давлат аст. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ мекунад. Қабули “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз чунин тадбирҳост, – аз ҷумла изҳор дошт Шарифзода Абдулфайёз.

Кормандони Марказро мебояд, ки ҳамчун намояндаи як ниҳоди бисёр пурнуфузи соҳаи маориф, ки доираи фаъолияти иттилоотию тарғиботиаш хеле пурвусъат аст,  бо истифода аз имкониятҳои созгор барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, хусусан ҷавонон, пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти аз лиҳози сиёсию мафкуравӣ барои давлату миллат хатарнок ҳиссагузорӣ кунед, – ахиран таъкид кард мавсуф.

Директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ қайд кард, ки яке аз зуҳуроти номатлуби замони имрӯз ва вабои аср, ки ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҳдид менамояд, экстремизм ва терроризм аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо ин вабои аср, пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризм чораҳои ниҳодӣ ва фарогир андешида, як қаттор барнома ва қонунҳои дахлдор қабул намудааст. Яке аз чунин санадҳои муҳим “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аст, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021, № 187 қабул гардидааст.

Тибқи Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар назди Марказ барои таъмини ҳамешагии шаффофияти равандҳо, ҷалби бештари ҷавонон ба таҳсилоти касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф дар интиқолу барқарорсозии донишҷӯён вазифаҳо гузошта шудааст. Вобаста ба ин, Марказ ҷиҳати амалисозии вазифаҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам чораҳо меандешад, ки аз ҷумлаи онҳо корҳои иттилоърасонӣ ва баргузории озмунҳои тақсимоти такрорӣ аст, – ­таъкид кард директори Марказ Ҷаъфарзода С. Ф.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон