Душанбе, 7-уми августи соли 2026
7-уми августи соли 2026 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарият ва кормандони Марказ баргузор гардид.
Дар вохӯри директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ, муовини сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Ёсуман ва кормандони Марказ иштирок доштанд.
Дар оғоз директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ дар робита ба амалҳои коррупсионӣ, ҳамчун кирдори номатлуб суханронӣ карда, таъкид намуд, ки имрӯзҳо коррупсия мавзуи доғи рӯз гардидааст ва ин падида сабаби барҳам задани бовари ҷомеа ва аҳолӣ ба ниҳодҳои давлатӣ ва халалдор шудани низоми қонунӣ дар давлатҳо мешавад.
Масъалаи муқовимат ба коррупсия барои ҳар як мақомоти давлатӣ ва муассиса аҳаммияти махсус дорад. Барои Маркази миллии тестӣ бошад, ин масъала боз ҳам муҳимтар аст, зеро фаъолияти мо бевосита ба ҳуқуқу манфиатҳои шумораи зиёди шаҳрвандон, пеш аз ҳама довталабон ва оилаҳои онҳо, алоқаманд мебошад.
Яке аз ҳадафҳои асосии таъсиси низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ таъмини шаффофият, адолат, баробарӣ ва коҳиш додани таъсири омили инсонӣ дар қабули донишҷӯён мебошад. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки худи низоми ИМД дорои хусусияти муҳимми пешгирикунандаи коррупсия аст.
Бақайдгирии довталабон тибқи тартиби ягона, таҳия ва нигоҳдории маводди имтиҳонӣ бо риояи талаботи махфият, рамзгузории варақаҳои ҷавоб, коркарди автоматикии натиҷаҳо ва тақсимоти довталабон тавассути низоми иттилоотӣ аз ҷумлаи механизмҳое мебошанд, ки имконияти дахолати субъективиро ба раванди қабули донишҷӯён маҳдуд менамоянд.
Дар ҳамаи ин равандҳо талаботи ягона бояд амал намояд: қонун ва тартиби муқарраршуда барои ҳама яксон аст ва барои ягон шахс набояд истиснои ғайриқонунӣ вуҷуд дошта бошад , – гуфт Ҷаъфарзода С.
Сипас муовини сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Ёсуман оид ба татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, санадҳои маъёрии ҳуқуқии дигари танзимкунандаи соҳа суханронӣ карда, барои пешгирии ҳолатҳои мусоидаткунанда ба амалҳои коррупсионӣ пешниҳодҳои мушаххас намуда, вобаста ба риояи талаботи конунгузорӣ ва татбиқи дурусти Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябри соли 2016, № 465 тасдиқ гардидааст, ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.
Дар анҷом директори Марказ Ҷаъфарзода С. барои ҳамкориҳои судманду саривақтӣ ба намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки Марказ омода аст ҳамкории худро бо Агентӣ дар самти такмили низоми пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, таҳкими назорати дохилӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон идома диҳад.










