Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ВОХӮРИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИШТИРОКДОРОНИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

Нашр шуд: 11 Феврали 2023
Диданд: 2855

Душанбе, 11-уми феврали соли 2023

11-уми феврали соли 2023 директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ бо иштирокдорони семинари омӯзишӣ барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, вохӯрд. Мақсад аз баргузории чунин семинарҳо омӯзиш ва омода кардани кормандони муваққатӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳамчун роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгиранда аст.

 Ҷаъфарзода С. Ф. ба ҳозирин дар бораи бисёр муҳим будани раванду даврҳои бақайдгирӣ ва аз мутасаддиён заҳмату масъулияти зиёд талаб кардани онро такроран таъкид кард. Мазкур қайд намуд, ки дар баробари муомилаи хуб, рафтори шоиста, риояи комили интизоми меҳнатӣ аз ҳамаи кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ, новобаста аз он, ки ӯ роҳбари нуқта, ёвар ё бақайдгиранда аст, дақиқкорӣ ва масъулиятшиносии баланд талаб карда мешавад, зеро як хатои корманд ё саҳлангорию камтаваҷҷуҳии ӯ метавонад боиси мушкил ё судури ғалатҳои дигар дар раванду даврҳои минбаъда шавад.

Директори Марказ шунавандагонро боз ҳам ба покизакорӣ, ҳушёрию масъулиятшиносии баланд дар иҷрои вазифаю уҳдадориҳояшон даъват карда, ба онҳо комёбиҳо хост.

Ёдрас  менамоем, ки семинари омӯзишӣ барои кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6-уми феврали соли ҷорӣ оғоз гардида, то 11-уми феврал давом кард.

Дар семинари мазкур аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 90 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора дар асоси озмун шахсони дорои донишу маҳорати арзанда дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 71 нафар ба кор ҷалб карда хоҳанд шуд.

Барои ташкилу баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ аз ҷумлаи кормандони Марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки он тибқи барнома то 18-уми феврали соли 2023 давом меёбад.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон