Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ

Нашр шуд: 22 Декабри 2017
Диданд: 1022

Душанбе, 22-юми декабри соли 2017

21-уми декабри соли 2017 бо ташаббуси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Марказ ҷаласаи муштараки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ доир гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба  имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус, ки вобаста ба баъзе ихтисосҳо дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба ин муассисаҳои таълимӣ дар соли 2018 супориданашон талаб карда мешавад, баррасӣ гардид.

Ҷаъфаров С. Ф, муовини аввали директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ҳадафи баргузории маҷлисро баён кард.

Сипас сардори шуъбаи кор бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Шодиев М. С. иштирокдоронро бо хулосаи таклифу пешниҳодҳои муассисаҳои таълимӣ, ки оид ба низоми баргузории имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус ба унвони Марказ фиристода буданд, шинос намуд.

Дар вохӯрӣ, ки такмили низоми ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баррасӣ гардид, намояндагони масъули ҳамаи 20 муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иштирок намуда, мубодилаи афкор карданд.

Дар охир қарорҳои дахлдор қабул гардид. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки таклифу пешниҳодҳои муассисаҳои таълимӣ, ки барои самаранок ва босифат гузаронидани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус мусоидат менамояд, барои баррасӣ ҷиҳати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба “Тартиби баргузории имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ” (бо фармоиши №3836 аз 12.10. сол 2016 тасдиқ шудааст) ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон