Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 30 Ноябри 2017
Диданд: 1048

Душанбе, 30.11.2017

Рӯзи 28.11.2017 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ин муассиса вохӯрӣ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Икромӣ Хуршед Икром – директори Марказ сухан карда, аз ҷумла дар бораи тартиби қабули шаҳрвандон аз ҷониби кормандон дар Марказ ва бахшҳои он, андешидани чораҳои зарурӣ барои роҳ надодан ба амалҳои номатлуб қайд кард. Ӯ оид ба принсипҳои асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла таъмини шаффофият ва адолат дар он, ки барои пешгирӣ аз ҳама амалҳои коррупсионӣ, бахусус фасоду қаллобӣ, аҳамияти муҳим дорад, тазаккур дода, таъкид намуд, ки ин масъала ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Марказ қарор дорад.

Дар низоми ИМД барои аз байн бурдани ҳар гуна амалҳои номатлуб, бахусус барои ба ҳадди ақал расонидани таъсири омилҳои инсонӣ дар равандҳои гуногун чораҳои зарурӣ андешида шуда, бо ин мақсад шароит ва имкониятҳои созгор фароҳам оварда шудааст. Сохтани кабинети инфиродӣ барои ҳар як довталаб ва дар он ҷой додани маълумот аз давраи бақайдгирӣ то эълони натиҷаҳо, ба таври мунтазам дар сомонаи Марказ ҷойгир кардани маводу матлабҳои гуногун ва додани иттилооти саривақтӣ вобаста ба ҳар як давру марҳила аз ҷумлаи онҳоянд. Ба ин қонеъ нашуда маъмурияти муассиса пайваста ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ, тақвияти одобу рафтори накӯи кормандон; таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии батанзимоварандаи фаъолияти ин ниҳод ва истифода аз технологияҳои муосир ва худкорсозии равандҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад, – тазаккур дод Икромӣ Х.

Турсунзода Шодком Худоймурод – муовини сардори раёсати якуми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ баромад карда, қайд кард, ки коррупсия имрӯз ҳамчун яке аз мушкилоти замони муосир ва зуҳуроти манфии дорои хусусияти миллию байналмилалӣ аст ва ба яке аз масъалаҳои глобалии ҷаҳон табдил ёфтааст. Ин масъала аксари давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест.

Қайд карда шуд, ки Созмони милали муттаҳид бо мақсади мусоидат барои андешидан ва таҳкими чораҳое, ки ба муборизаи муассир бо коррупсия равона гардидааст, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсияро қабул кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зери ин ҳуҷҷати муҳим имзо гузоштааст ва он аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) карда шудааст. Вобаста ба ин, санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор ба талаботи конвенсияи мазкур мутобиқ гардонида шудаанд.

Номбурда афзуд, ки бар зидди коррупсия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Инчунин аз ҷониби Турсунзода Ш.Т. моҳияти мафҳумҳоеро, амсоли порагирӣ, миёнаравӣ, қаллобӣ шарҳ дода, дар робита ба он санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёдовар шуд.

Номбурда қайд намуд, ки пиромуни Марказ ва имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ баъзе овозаҳо аз ҷониби шахсони нопоку қаллоб, ки аслан бо Марказ алоқае надоранд, гоҳ-гоҳе ба гӯш мерасанд. Ҳар як корманди Марказ барои доғдор нашудани номи худ ва коргоҳашон покдилона фаъолият карда, ҷиҳати огоҳ кардани довталабон ва падару модарони онҳо аз низом ва фирефтаи чунин шахсон нагардиданашон корҳои иттилоърасонию тафсириро дар сатҳи баландтар бояд ба роҳ монанд.

Қайд карда шуд, ки мақсад аз чунин нишасту вохӯриҳо баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини шаффофият ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ аст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон