Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ВОХӮРӢ БО КОТИБОНИ МАСЪУЛИ КОМИССИЯҲОИ ҚАБУЛИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ

Нашр шуд: 07 Августи 2018
Диданд: 988

Душанбе, 7-уми августи соли 2018

6-уми августи соли 2018 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо котибони масъули комиссияҳои қабули муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Сайфиддин – муовини вазир, Хуршед Икромӣ – директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат ва Марказ, инчунин, котибони масъули комиссияҳои қабули муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иштирок намуданд.

Мавзӯи асосии вохӯрӣ марҳалаи тақсимоти донишҷӯён ва қабули ҳуҷҷатҳои донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ буда, зимни қабули ҳуҷҷатҳо роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, риоя намудани одоби муошират бо довталабон ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вохӯриро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид оғоз намуда, аз ҷумла, таъкид кард, ки қабули ҳуҷҷатҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз ҷониби котибони масъул ҳамарӯза бояд аз соати 7:00-и субҳ оғоз ёфта, дар давоми рӯз дархости тамоми довталабон бояд баррасӣ карда шавад. Инчунин, ба роҳбарони муассисаҳо ва котибони масъул дастур дода шуд, ки бо дарназардошти вазъияти молиявии довталабоне, ки имкони пардохти пурраи маблағи таҳсили солонаро якбора надоранд, ба таври истисно барои давра ба давра пардохт намудани маблағи таҳсил ва қабули ҳуҷҷатҳои онҳо иҷозат дода шавад.

Сипас директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҳар як муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ то 20-уми август бояд нусхаи дуюми рӯйхати донишҷӯшударо ба Марказ равона созанд ва ба довталабоне, ки бо сабабҳои гуногун барои супоридани ҳуҷҷатҳои хеш ба муассисаҳои таълимӣ худ бевосита ҳозир шуда наметавонанд, котибони масъул иҷозат диҳанд, ки падару модарони онҳо ҳуҷҷатҳояшонро супоранд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон