Душанбе, 25-уми июни соли 2025
25-уми июни соли 2025 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва кормандони Марказ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, пиромуни ин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар изҳори назар кард.
Ҷаъфарзода С. Ф., аз ҷумла қайд кард, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини миллати тоҷик як саҳифаи тозаеро боз кард. Ваҳдат барои мо, тоҷикон, на танҳо як калима, як ид, балки омили ягонагӣ, сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафти ҷомеа аст. Ин ҷашн, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, моро ба ёд меорад, ки чӣ гуна халқи азизамон бо азму иродаи қавӣ тавонист дар роҳи сулҳу оромӣ муттаҳид шавад ва барои бунёди давлати нав талош варзад.
Маҳз бо ташаббусу кӯшиш ва ҷасорату заҳматҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад барои Тоҷикистон як санади тақдирсоз буд. Он на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки барои бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар кишвар асос гузошта, оғози марҳилаи нави рушд гардид.
Ваҳдати миллӣ мероси гаронбаҳоест, ки бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз намуд ва ба наслҳои оянда ба мерос гузошт. Ҳоло ки мо дар арафаи ҷашни бузурги Ваҳдати миллӣ қарор дорем, бояд андеша намоем, ки барои таҳкими ин ваҳдат чӣ корҳо карда метавонем. Ҳар яки мо, новобаста аз касбу кор ва мавқеамон дар ҷомеа, бояд дар ободии Ватан саҳмгузор бошем. Ин саҳм метавонад дар шакли меҳнати софдилона, муносибати нек бо дигарон, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллиамон зоҳир шавад.
Дар ин рӯзи муборак ман аз ҳар яки шумо даъват менамоям, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва пешрафти Тоҷикистони азиз саъю кӯшиш намоем, якҷоя Ватани худро обод созем ва барои наслҳои оянда мероси арзишманде гузорем, – қайд кард директори Марказ Ҷаъфарзода С. Ф.
Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло суханронӣ карда, зикр намуд, ки Ваҳдати миллӣ, яъне ваҳдату якдилиб иттиҳоди тамоми тоҷикистониён буда, ҳифзи ин дастоварди бузурги таърихӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми ҳамватанони мо аст.
Дар идомаи ҷаласа сардори раёсати маводди имтиҳон Азимов Ҷамшед ва сармутахассиси фанни таърихи ин раёсат Зарифов Насимҷон дар бораи Ваҳдати миллӣ, ҳамчун рӯйдод, дастовард, муқаддасоти миллию давлатӣ ва аҳаммияти он барои иттиҳоди халқу миллат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ибрози андеша карда, аз ҷумла таъкид карданд, ки маҳз ба шарофати истиқлоли давлативу ваҳдати миллӣ заминаҳои рушду пешрафти кишвар фароҳам омад ва мамлакат ба комёбиҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил шуд. Ваҳдати миллӣ барои амалисозии ормонҳои миллӣ ва ҳадафҳои бузурги давлатӣ заминаи воқеӣ гузошт.
Дар анҷоми ҷаласа 2 нафар аз ҷумлаи кормандони ҳайати асосии Марказ ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд.