Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ВАҲДАТ – ОМИЛИ САОДАТ

Нашр шуд: 26 Июни 2022
Диданд: 1438

Таҳнияти директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Барои саодати ҳар халқу миллат вуҷуди ду омили муҳимтарин зарур аст: истиқлол ва ваҳдат. Аммо аз ин ду омил яке боз ҳам мубраму муҳимтар аст: ВАҲДАТ. Дар байни ҳар ҷомеае, ки ваҳдат пойдор набошад, аҳли он ҷамъият ҳеҷ гоҳе ба саодату ободию озодӣ даст намеёбад. Дар ҳолати инҳоро соҳиб шудан ҳам, онро бидуни ваҳдат дер нигоҳ дошта наметавонад.

Ваҳдати миллӣ иттиҳоду сарҷамъӣ, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмии як халқ ва ё миллат, тамоми қишру ниҳод ва неруҳои ҷамъият дар кору афкор ва созандагиву бунёдкорӣ баҳри ободонию рушди ватан, ҳифзи истиқлоли кишвар аст.

Бояд донем, ки мафҳуми «миллат» танҳо ягонагии марзию этникӣ, яъне, масалан,  ваҳдати танҳо тоҷикон нест, балки ваҳдати миллӣ, ба таври дигар, тарҷеҳ додани манфиатҳои миллӣ бар манфиатҳои шахсию гурўҳӣ ва амсоли инҳост, чунки ҳеҷ яке аз манофеи хусусӣ ё гурўҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳову арзишҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонад.

Воқеан, иттиҳоди миллӣ неъмати бузургу қудсиест, ки кулли комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он сарчашма мегирад. Ин неъмати воло боиси таҳкими давлат, рушди мамлакат аст.

Ваҳдати миллӣ, бахусус барои миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо, дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон, нақши тақдирсоз дорад, аз ин рӯ, басо азиз аст. Зеро маҳз бо пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ хатари пароканда шудани миллати тоҷик, пора гардидану барҳам хӯрдани давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз байн рафт.

25 сол қабл, баъд аз ҷангу муноқишаҳои даҳшатноку тӯлонии миллаткуш, баъди музокироти сангину мадид оқибатуламр бо имзои санади тақдирсоз − Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба раванди оштии миллӣ, ваҳдати саросарии миллии тоҷикон поя гузошта шуд.

Барои ба даст овардани ин сулҳи пойдор, барои дастёбӣ ба ваҳдати миллӣ, ки зиндагии осоиштаи мо самари он аст, саҳму талош, ҷасорати сиёсию садоқати миллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёд аст.

Ҳар яки моро мебояд, чун шаҳрванди худсозу худшинос, дастоварди нодиру таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллиро ҳифз кунем, ин амну осоишу оромиш, ин ҷомеаи озоди шаҳрвандиро арҷгузорӣ кунем, ба қадри ин ҳама неъматҳо бирасем, истиқлоли давлатию ваҳдати миллиамонро бо кору пайкору афкорамон сидқан ҳимояту ҳифозат намоем ва баҳри рушди рӯзафзуни кишвари маҳбубамон дастҷамъона талош биварзем, худро ҳамтақдиру ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем.

Ҳама мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ин ҷашни барои миллат таърихию фараҳафзо – бо рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику шодбош мегӯям. Орзумандам, ки дар самои софи сулҳу салоҳи Тоҷикистони азиз ҳеҷ гоҳе абри ҷангу нифоқ набошад ва хуррамию комёбию саодати абад ёри ҳама тоҷикон ва тоҷикистониёни арҷманд бошад!

Идатон муборак бодо, ҳамватанони гиромӣ!

Бо эҳтироми самимӣ:

Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон