Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ҲУШЁРӢ – ОМИЛИ КОМЁБӢ

Нашр шуд: 29 Июли 2022
Диданд: 4492

Душанбе, 29‑уми июли соли 2022

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои довталабоне, ки ба тақсимоти асосии довталабон (натиҷаҳои он 25‑уми июл эълон гардид) роҳ ёфта, лекин дар тақсимоти мазкур аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб нагардиданд, озмуни тақсимоти такрорӣ мегузаронад.

Барои иштирок дар ин озмун довталабони мазкурро зарур аст, ки аз 12‑ум то 15-уми август дар нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, варақаи бақайдгирӣ ё даъватнома ва рақами расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба пардохти маблағи иловагӣ худро аз нав номнавис кунанд.

Бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ва фирефтаи қаллобон нашудани довталабон таъкид менамоем, ки озмуни тақсимоти такрорӣ низ, чун озмуни тақсимоти асосӣ, тавассути барномаи махсуси компютерӣ анҷом дода мешавад ва дар ин раванд низ ҳеҷ омили инсонӣ таъсир расонида наметавонад. Инчунин, бояд таъкид кард, агар довталабон ҳангоми азнавбақайдгирӣ комбинатсияҳои ихтисосҳоро бо дарназардошти сатҳи омодагии худ (натиҷаи имтиҳонсупориашон) ва интихоби дурусту мувофиқи ихтисосҳо дар рӯйхат ҷо ба ҷо кунанд, эҳтимолияти дар озмуни тақсимоти такрорӣ комёб шудани аксарият – қариб ҳамаи онҳо хеле зиёд аст.

Бори дигар таъкид менамоем, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории довталабон таъсире расонида наметавонад. Вобаста ба ин, аз довталабон ва падару модарон хоҳишмандем, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошанд ва ба доми фиребу ваъдаҳои қаллобон наафтанд.

Дар озмуни тақсимоти такрорӣ низ балҳои қаблан бадастовардаи довталабон ба назар гирифта мешавад.

Маълумоти муфассал дар бораи азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ дар сомонаи Марказ баъдан ҷой дода хоҳад шуд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон