Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ТИРГОН – ҶАШНИ БОСТОНИИ ТОҶИКОН

Нашр шуд: 26 Июни 2025
Диданд: 1191

Душанбе, 26-уми июни соли 2025

26-уми июни соли 2025 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Тиргон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ суханронӣ карда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ  таҳният гуфта, қайд намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдому талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои миллии мардуми тоҷик умри дубора пайдо карда, он ганҷҳои пурбаҳои миллӣ, ки дар ганҷури таърих ба фаромӯшӣ афтода буданд, аз нав эҳё гардиданд.

Ҷаъфарзода С. Ф. қайд кард, ки барои татбтқи лоиҳаи консепсияи намунавӣ таҳти унвони “Тиргон – ҷашни об”, ки Вазорати фарҳанг бо ҷалби олимону коршиносон ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намудааст, мо низ бояд саҳмгузор бошем ва барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани тамоми ҷашнҳои ниёгон, аз ҷумла ҷашни Тиргон пайваста талош намоем.

Сипас сардори раёсати таҳияи маводди имтиҳон Азимов Ҷамшед, муовини сардори раёсати банақшагирӣ, мониториг, пажӯҳиш ва муносибатҳои байналмилалӣ Фазлиддинзода Абдулбосит, сармутахассисони фанни таърихи раёсат таҳияи маводди имтиҳон Аминзода Шамсулло ва Зарифов Насимҷон дар бораи таърихи ин ҷашн андешаҳои ҷолиб баён карданд.

Таъкид гардид, ки ҷашни Тиргон дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рўзи 13-уми моҳи тир, ки он рӯзро низ тир меномиданд, баргузор мегашт.

Агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврӯз – иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони эронитабор буд, ки асосан мутобиқ ба 1-уми июли тақвими григорианӣ таҷлил мешуд. Яъне, дар солшумории ниёкони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ меомаданд, мардум онро ҷашн мегирифтанд.

Агар аз сӯйи дигар назар андозем, ҷашни Сада ба оташ, Наврӯз ба замин (хок), Тиргон ба об ва Меҳргон ба рӯшноии осмон (ҳаво) иртибот доранд. Зеро мазҳару пайдоиш ва ҷавҳари ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддаси нахустмабдаъ мепайванданд.

Дар қиссаҳои ориёӣ чунин оварда шудааст, ки дар ин рӯз дар мавзеи Табаристон Манучеҳри пешдодӣ аз Афросиёб шикаст хӯрд ва барои тақсим кардани қаламрав як шарте пеш гузоштанд. Яке аз паҳлавонони ориёӣ бо номи Ораш ба болои кӯҳи Дамованд баромад ва бо тамоми неруи худ камонро кашида, худ пора-пора шуд, аммо тире бо тамоми суръат ба сӯйи дарёи Ҷайҳун партоб кард. Тир бо шасти баланд аз субҳ то нимрӯзӣ парвоз карда, ниҳоят ба тани як дарахти бузургу ғафс дар соҳили Ҷайҳун фуруд омад. Аз ҳамон ҷойи нишасти тир марзҳои Эрону Тӯрон муқаррар шуд.

Дар анҷом таъкид шуд, ки ҷашни Тиргон – ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни ҷашни обу ободии инсон, ҷашни нависандагон ва ҷашни тобистон мебошад.

 

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон