Ба диққати роҳбарони ВОСИТАҲОИ АХБОРИ УМУМ расонида мешавад, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” дар доираи Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 22-юми июни соли 2013 дар 7 маркази имтиҳонӣ, ки дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе – 2 марказ, Хуҷанд – 2 марказ, Қӯрғонтеппа – 2 марказ, Хоруғ – 1 марказ) таъсис дода шудааст, имтиҳонҳоро доир менамоянд.
Аз ин лиҳоз, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар бораи хоҳиши иштироки намояндаи худ дар рафти имтиҳонҳо то 12 июни соли 2013 соати 15:00 ба шуъбаи робита бо ҷомеаи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” тариқи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. телефони мобилӣ (918) 74-86-14 ва факс: (37) 222-16-02 хабар диҳед.
Ба марказҳои имтиҳонӣ намояндагоне аз воситаҳои ахбори умум ворид шуда метавонанд, ки пешакӣ номнавис шудаанд.