Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ТАРЗИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАРТИБИ МУҚАРРАРГАРДИДАИ БАРГУЗОРИИ ИМД – ҚИСМҲОИ А ВА Б

Нашр шуд: 28 Июни 2022
Диданд: 1788

Душанбе, 28-уми июни соли 2022

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабон мерасонад, ки даврии асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) аз 1-уми июл оғоз мегардад.

Барои довталабон донистани тартибу қоидаҳо ва талаботи муқарраргардида дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) зарур аст. Шахсоне, ки то ҳол бо тартибу қоидаҳо ва талаботи муқарраргардидаи ИМД шинос нашудаанд, чунин маълумотро аз матлабу маводди дар сомонаи Марказ ҷойдода, аз ҷумла дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” дастрас карда метавонанд.

Набояд фаромӯш кард, ки риоя накардани тартибу қоидаҳо ва талаботи муқарраргардидаи ИМД дар вақти имтиҳон асос барои аз имтиҳон хориҷ кардани довталаб ҳисобида мешавад. Комиссияи апеллятсионӣ аризаи довталабро вобаста ба масъалаҳои аз тарафи ӯ риоя нагардидани тартибу қоидаҳо ё талаботи муқарраргардидаи ИМД баррасӣ намекунад. Вобаста ба ин, агар довталаб талаботи мазкурро вайрон кунад, маъмури имтиҳон дар ин хусус санад тартиб дода, ӯро аз имтиҳон хориҷ мекунад ва кори имтиҳонии довталаб аз эътибор соқит дониста мешавад.

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсӣ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ) ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузаронидани имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар шакли хаттӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо дода мешавад.

Аризаи апеллятсионии довталаб дар ҳолатҳое баррасӣ карда мешавад, ки агар ба як ё якчанд масъалаҳои зерин дахл кунад:

- нодуруст (хилофи тартиби протоколи рафти имтиҳон) шинонидани довталабон, нодуруст тақсим кардани китобчаҳои

  тест, штрихкодҳоро дар варақаҳои ҷавобҳо нодуруст часпонидани маъмури имтиҳон;

- бинобар хатои маъмури имтиҳон варианти китобчаи тестро дар варақаи ҷавобҳо ғалат қайд кардани довталаб (оид ба ин

  ва масъалаи боло довталаб метавонад баъд аз имтиҳонҳо, на дертар аз муҳлати муқарраргардида, пас аз эълони натиҷаҳо

  ба комиссияи апеллятсионии Марказ низ муроҷиат намояд);

- риоя нагардидани тартиби баргузории имтиҳонҳо, ки ба натиҷаи кори довталаб таъсири манфӣ расонидааст;

- ёрӣ расонидани маъмури имтиҳон ба довталаб(он) ҳангоми иҷрои тест;

- додугирифти маводди ёрирасон (шпаргалка) байни довталабон ё бо ҳам суҳбат кардани онҳоро дар синфхонаи имтиҳон

  дида, ба он эътибор надодани маъмури имтиҳон;

- ошкор шудани маводди истифодааш мамнуъ дар имтиҳон ва чорае надидани маъмури имтиҳон дар ин маврид.

Аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД, ки бояд бо далелҳо асоснок карда шуда бошад, рӯзи имтиҳон, то баромадан аз маркази имтиҳонӣ ба номи роҳбари маркази имтиҳонӣ пешниҳод карда мешавад.

Агар тартиби баргузории имтиҳонҳо вайрон карда шуда, ба натиҷаи имтиҳонсупории довталаб таъсири манфӣ расонда бошад, ӯ бояд дар ин бора аризаи апеллятсиониро дар рӯзи имтиҳон аз маркази имтиҳонӣ набаромада пешниҳод намояд.

Қолаби аризаи апеллятсиониро дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД ба довталаб тибқи дархосташ роҳбари маркази имтиҳонӣ медиҳад. Довталаб чунин аризаро дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳои ИМД пур карда, ба роҳбари маркази имтиҳонӣ месупорад. Роҳбари маркази имтиҳонӣ уҳдадор аст, ки довталабро аз муҳлати баррасӣ ва пешниҳоди натиҷаи баррасии аризаи апеллятсионӣ огоҳ намояд.

Комиссияи апеллятсионӣ хулосаи комиссияи кории маркази имтиҳонӣ ва маводи дахлдорро баррасӣ намуда, (1) дар сурати қонеъ гардонидани аризаи апеллятсионӣ қарор қабул менамояд, ки натиҷаи имтиҳони довталаб аз эътибор соқит дониста, ба ӯ дар имтиҳонҳои иловагӣ имконияти супоридани имтиҳони дахлдор дода шавад; (2) дар сурати беасос донистани даъвои довталаб қарор қабул менамояд, ки аризаи апеллятсионии довталаб рад карда шуда, натиҷаи имтиҳони ӯ бетағйир мононда шавад.

Натиҷаҳои баррасии аризаҳо ва қарори қабулшуда бо протоколи баррасии аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД ба расмият дароварда мешавад.

Комиссияи апеллятсионӣ довталаб ё намояндаи қонунии ӯро аз қарори қабулкардаи комиссияи апеллятсионӣ огоҳ месозад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон