Душанбе, 2-юми августи соли 2017
Тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии «Довталаб» дар асоси озмун анҷом дода мешавад. Маълумот дар бораи натиҷаҳои тақсимот – комёб гардидан ё нагардидани довталабон аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба ҳар яке аз довталабон дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ расонида мешавад.
Вобаста аз намуди ихтисосҳо тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои умумии зерин анҷом дода мешавад:
– бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Б, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд;
– бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва В -ро талаб мекунанд;
– бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А, Б ва Г, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои қисмҳои А, Б ва Г -ро талаб мекунанд.
Бали аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш) ба бали аз қисми А (имтиҳони умумӣ) бадастовардааш илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардааш ба назар гирифта мешавад, ки супоридани чунин имтиҳонро талаб менамоянд. Инчунин, бали аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш) ба бали аз қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) бадастовардааш илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардааш ба назар гирифта мешавад, ки супоридани чунин имтиҳонро талаб менамоянд.
Тақсимоти довталаб аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқи бартарии интихоб ва ҷойи довталаб дар рӯйхати тибқи балҳои умумии дахлдори бадастовардаи довталабон мураттабшуда, ки барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои мазкур тартиб дода шудааст, анҷом дода мешавад.
Тақсимоти довталаб дар раванди тақсимот дар навбати аввал аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), баррасӣ карда мешавад. Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси якум нишондодааш муваффақ шавад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои баъдии интихобкардааш ба роҳ монда намешавад.
Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), нагузарад, он гоҳ тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи дуюм нишон додааст (яъне бартарии интихобаш дуюм), ба роҳ монда мешавад. Раванди тақсимот бо ин тартиб то замоне идома меёбад, ки довталаб ё аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ мешавад ё аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ намешавад.
Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимот шуда бошад, он гоҳ, новобаста аз он ки бали умумии бадастовардааш барои тақсимот шуданаш аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) баъдии интихобкардааш кофӣ аст, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) баъдии интихобкардааш баррасӣ намешавад. Довталаби мазкур ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимоти такрорӣ низ надорад.
Довталабе, ки дар тақсимот иштирок карда, дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ нашуд, дар сурати баргузор шудани тақсимоти такрорӣ ҳуқуқ дорад, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида аз нав худро номнавис карда, дар тақсимоти навбатӣ иштирок намояд.
Довталаби аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимшуда бояд то муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор барои бақайдгирӣ ва қабул ҳозир шавад. Дар ҳолати ҳозир нашудан бо сабаби узрнок, ки бояд бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ шуда бошад, довталаб уҳдадор аст, ки сари вақт (дар муҳлати муқарраргардида) дар бораи ҳолати зикргардида ба муассисаи таълимии мазкур хабар диҳад, дар ғайри ин сурат, ӯ ҷойи ишғолнамудаи худро дар муассисаи таълимии мазкур аз даст медиҳад. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ уҳдадор аст, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пешниҳодшуда сабаби узрнокро ба эътибор гирифта, барои қабули ҳуҷҷатҳои довталаби ба ин муассиса тақсимшуда муҳлати муайянро муқаррар намояд.
Хотиррасон мекунем, ки бали гузариш дар комбинатсияи ихтисос бали умумие аст, ки бо ҷамъ кардани балҳои аз қисми (қисмҳои) дахлдор ва бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаби дар доираи шумораи ҷойҳои нақшаи қабули донишҷӯён ҷудокарда аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян аз ҳама охир тақсимотшуда ҳосил гардидааст. Бали гузариш дар комбинатсияи ихтисос пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як комбинатсияи ихтисос танҳо пас аз тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян маълум мегардад
Ёдрас мекунем, ки бали бадастовардаи довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш, вобаста аз субтести асосии қисми Б (имтиҳони ихтисос), метавонад гуногун бошад, зеро вазн (шумораи бали имконпазири ҳадди аксар)-и субтестҳо барои ихтисосҳо гуногун аст. Маълумоти муфассалро дар бораи вазн (шумораи бали имконпазири ҳадди аксар)-и субтестҳо аз сомонаи Марказ (эълони баъдӣ) дастрас кардан мумкин аст.