Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ТАРТИБИ ТАҚСИМОТИ ДОВТАЛАБОН БА МУАССИАҲОИ ТАЪЛИМӢ ТИБҚИ КОМБИНАТСИЯИ ИХТИСОСҲОИ ИНТИХОБКАРДААШОН

Нашр шуд: 03 Августи 2019
Диданд: 1567

Душанбе, 3-юми августи соли 2019

Тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии «Довталаб» дар асоси озмун анҷом дода мешавад. Маълумот дар бораи натиҷаҳои тақсимот – комёб гардидан ё нагардидани довталабон аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба ҳар як довталаб дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ дастрас мегардад (тавассути паёмак (SMS) ва кабинети инфиродӣ).

Вобаста аз намуди ихтисосҳо тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои умумии зерин анҷом дода мешавад:

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Б, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи бали аз қисми АБ-9 ва бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани қисми АБ-9-ро талаб мекунанд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб мекунанд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои АБ-9 ва В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст - барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои АБ-9 ва В-ро талаб мекунанд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А, Б ва Г, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А, Б ва Г-ро талаб мекунанд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А, Б ва Д, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои қисмҳои А, Б ва Д-ро талаб мекунанд.

Бали аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш) ба бали аз қисми А (имтиҳони умумӣ) бадастовардааш илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардааш ба назар гирифта мешавад, ки супоридани чунин имтиҳонро талаб менамоянд. Инчунин, бали аз қисми Г ва ё Д (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш) ба ҷамъи балҳои аз қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) бадастовардааш илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардааш ба назар гирифта мешавад, ки супоридани чунин имтиҳонро талаб менамоянд.

Тақсимоти довталаб аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқи бартарии интихоб ва ҷойи довталаб дар рӯйхати тибқи балҳои умумии дахлдори бадастовардаи довталабон мураттабшуда, ки барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои мазкур тартиб дода шудааст, анҷом дода мешавад.

Тақсимоти довталаб дар раванди тақсимот дар навбати аввал аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), баррасӣ карда мешавад. Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси якум нишондодааш муваффақ шавад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои баъдии интихобкардааш ба роҳ монда намешавад.

Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), нагузарад, он гоҳ тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи дуюм нишон додааст (яъне бартарии интихобаш дуюм), ба роҳ монда мешавад. Раванди тақсимот бо ин тартиб то замоне идома меёбад, ки довталаб ё аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ мешавад ё аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ намешавад.

Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимот шуда бошад, он гоҳ, новобаста аз он ки бали умумии бадастовардааш барои тақсимот шуданаш аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) баъдии интихобкардааш кофӣ аст, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) баъдии интихобкардааш баррасӣ намешавад. Довталаби мазкур ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимоти такрорӣ низ надорад.

Довталабе, ки дар тақсимот иштирок карда, дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ нашуд, дар сурати баргузор шудани тақсимоти такрорӣ ҳуқуқ дорад, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида аз нав худро номнавис карда, дар тақсимоти навбатӣ иштирок намояд.

Довталаби аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимшуда бояд то муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор барои бақайдгирӣ ва қабул ҳозир шавад. Дар ҳолати ҳозир нашудан бо сабаби узрнок, ки бояд бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ шуда бошад, довталаб уҳдадор аст, ки сари вақт (дар муҳлати муқарраргардида) дар бораи ҳолати зикргардида ба муассисаи таълимии мазкур хабар диҳад, дар ғайри ин сурат, ӯ ҷойи ишғолнамудаи худро дар муассисаи таълимии мазкур аз даст медиҳад. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ уҳдадор аст, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пешниҳодшуда сабаби узрнокро ба эътибор гирифта, барои қабули ҳуҷҷатҳои довталаби ба ин муассиса тақсимшуда муҳлати муайянро муқаррар намояд.

Бали гузариш дар комбинатсияи ихтисос бали умумие аст, ки бо ҷамъ кардани балҳои аз қисми (қисмҳои) дахлдор ва бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаби дар доираи шумораи ҷойҳои нақшаи қабули донишҷӯён ҷудокарда аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян аз ҳама охир тақсимотшуда ҳосил гардидааст. Бали гузариш дар комбинатсияи ихтисос пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як комбинатсияи ихтисос танҳо пас аз тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян маълум мегардад

Ёдрас мекунем, ки бали бадастовардаи довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш, вобаста аз субтести асосии қисми Б (имтиҳони ихтисос), метавонад гуногун бошад, зеро вазн (шумораи бали имконпазири ҳадди аксар)-и субтестҳо барои ихтисосҳо гуногун аст. Маълумоти муфассалро дар бораи вазн (шумораи бали имконпазири ҳадди аксар)-и субтестҳо аз сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/922-sharhi-shkalabandi.html) дастрас кардан мумкин аст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон