Душанбе, 24-уми июли соли 2024
Тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии «Довталаб» дар асоси озмун анҷом дода мешавад. Маълумот дар бораи натиҷаҳои тақсимот – комёб гардидан ё нагардидани довталабон аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба ҳар як довталаб дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ дастрас мегардад (тавассути паёмак (SMS) ва кабинети инфиродӣ).
Тибқи тарҳи ҷории маҷмуи фанҳои имтиҳонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ қисмҳои имтиҳонҳои мазкур, ки довталаб вобаста аз зинаи таҳсилот ва навъи ихтисосҳои интихобкардааш як ё чанде аз ин қисмҳоро месупорад, инҳоянд:
- қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо чор субтестро дар бар мегирад: 1) забони тоҷикӣ, математика, химия ва физика; 2) забони тоҷикӣ, математика, география ва забони хориҷӣ; 3) забони тоҷикӣ, таърих, адабиёти тоҷик/забон ва адабиёти рус/забон ва адабиёти ӯзбек ва забони хориҷӣ; 4) забони тоҷикӣ, таърих, ҳуқуқ ва забони хориҷӣ; 5) забони тоҷикӣ, биология, химия ва физика. Интихоби забони хориҷӣ (англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабӣ) дар ихтиёри довталаб аст;
- қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 11-ум) барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ, ки дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо се субтестро дар бар мегирад: 1) забони тоҷикӣ, математика ва физика; 2) забони тоҷикӣ, математика ва география; 3) забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик/забони русӣ ва забони хориҷӣ; 4) забони тоҷикӣ, таърих ва забони хориҷӣ; 5) забони тоҷикӣ, биология ва химия. Интихоби забони хориҷӣ (англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабӣ) дар ихтиёри довталаб аст;
- қисми В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус, ки онҳоро аз рӯйи ихтисосҳои тибқи талабот омодагии эҷодӣ ё махсусро талабкунанда супорида мешавад;
- қисми Г – имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ, ки довталабони ихтисосҳои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва (ё) Донишгоҳи Осиёи Марказиро интихобкарда месупоранд.
Вобаста аз намуди ихтисосҳо тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои умумии зерин анҷом дода мешавад:
- бали умумие, ки аз ҷамъи бали аз қисми А ва бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи бали аз қисми Б ва бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми А ва қисми В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми Б ва қисми В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Г, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд.
Бали аз қисми В бадастовардаи довталаб дар озмуни тақсимот танҳо барои ихтисосҳое ба назар гирифта мешавад, ки супоридани ин имтиҳонҳоро талаб мекунанд. Агар довталаби ихтисосҳои қисми В-доштаро интихобкарда қисми А‑ро пурра супорида бошад, барои ихтисосҳои мазкур бали бадастовардаи довталаб аз қисми В ва танҳо аз ду субтести аввал (1-ум ва 2-юм)-и қисми А ба назар гирифта мешавад. Барои чунин ихтисосҳо бали аз ду субтести охир (3-юм ва 4-ум)-и қисми А бадастовардаи довталаб ба назар гирифта намешавад. Инчунин, агар довталаби ихтисосҳои қисми В-доштаро интихобкарда қисми Б‑ро пурра супорида бошад, барои ин ихтисосҳо бали бадастовардаи довталаб аз қисми В ва танҳо аз ду субтести аввал (1-ум ва 2-юм)-и қисми Б ба назар гирифта мешавад. Барои чунин бали натиҷаҳои аз субтести охир (3-юм)-и қисми Б бадастовардаи довталаб ба назар гирифта намешавад.
Агар довталаб ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва ҳам аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ интихоб карда бошад, бали бадастовардааш аз қисми Г.1 барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва холҳои бадастовардаи ӯ аз қисми Г.2 барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба назар гирифта намешавад. Инчунин, бали аз қисми Г.1 ва ё қисми Г.2 бадастовардаи довталаб барои ихтисосҳое, ки супоридани ин қисмро талаб намекунанд, ба ҳисоб гирифта намешавад.
Тақсимоти довталаб аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқи бартарии интихоб ва ҷойи довталаб дар рӯйхати мураттабкардаи модули барномавии махсус тибқи балҳои умумии дахлдори бадастовардаи довталабон барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои мазкур анҷом дода мешавад.
Тақсимоти довталаб дар раванди тақсимот дар навбати аввал аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), баррасӣ карда мешавад. Агар довталаб дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси якум нишондодааш комёб шавад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои баъдии интихобкардааш ба роҳ монда намешавад.
Агар довталаб дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), нагузарад, он гоҳ тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи дуюм нишон додааст (яъне бартарии интихобаш дуюм), ба роҳ монда мешавад. Раванди тақсимот бо ин тартиб то замоне идома меёбад, ки довталаб ё аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб мешавад ё аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ намешавад.
Агар довталаб дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимот шуда бошад, он гоҳ новобаста ба он ки балли умумии бадастовардааш барои тақсимот шуданаш аз рӯйи комбинатсия (комбинатсияҳо)-и ихтисос (ихтисосҳо)-и баъдии интихобкардааш кофӣ аст, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳо)-и ихтисос (ихтисосҳо)-и баъдии интихобкардааш баррасӣ намешавад. Довталаби мазкур ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимоти такрорӣ низ надорад.
Довталабе, ки дар тақсимот (-и асосӣ) иштирок карда, дар асоси балли умумии бадастовардааш аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нашудааст, дар сурати баргузор шудани тақсимоти такрорӣ ҳуқуқ дорад, ки аз нав худро номнавис карда, дар тақсимоти навбатӣ иштирок намояд.
Довталаби аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимшуда бояд то муҳлате, ки Марказ барои ҳар тақсимот (асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ) муқаррар мекунад, ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор барои бақайдгирӣ ва қабул ҳозир шавад. Агар довталаби мазкур бинобар сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имкони ҳозир шуданро ба муассисаи таълимии дахлдор надошта бошад, ӯ уҳдадор аст, ки ҳуҷҷатҳои барои қабул заруриро тавассути хешованди наздикаш (падар, модар, бародар ё хоҳар) дар ҳамин муҳлати муқарраргардида ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод намояд. Дар ин сурат муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ уҳдадор аст, ки ҳуҷҷатҳои довталабро аз хешованди наздикаш (падар, модар, бародар ё хоҳар) қабул кунад. Агар довталаби мазкур дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои барои қабул заруриро ба муассисаи таълимии дахлдор пешниҳод накунад, ҷойи ӯ дар тақсимоти баъдӣ ё давраи дигари бақайдгирии довталабон пешниҳод карда мешавад.
Бали гузариш аз рӯйи комбинатсияи ихтисос бали умумие аст, ки ки бо ҷамъ кардани балҳои аз субтестҳо ва (ё) қисми (қисмҳои) дахлдор ва бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаби дар доираи шумораи ҷойҳои нақшаи қабули донишҷӯён ҷудокарда аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян аз ҳама охир тақсимотшуда ҳосил гардидааст. Лозим ба зикр аст, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисосҳои муайян (https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/fe-rist-oi-ikhtisos-o-vobasta-ba-dastovard-oi-dovtalabon.html) аз феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таълимии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки аз рӯйи онҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад, истисно карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, аз рӯйи ин гуна ихтисосҳо ба довталабони ғолиби олимпиада имтиёз дода намешавад.
Бали гузариш тибқи комбинатсияи ихтисос пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он танҳо пас аз тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян маълум мегардад. Масалан, барои комбинатсияи ихтисоси 102030602 – “Забони олмонӣ. Забони англисӣ” аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, шакли рӯзона ва намуди ройгони таҳсил, соли 2023-юм тибқи нақша 1 ҷой ҷудо шуда буд ва шумораи довталабоне, ки ин комбинатсияи ихтисосро интихоб карда буданд, 793 нафарро ташкил дод. Дар озмуни тақсимот аз ин миқдор довталабон ҳамон 1 нафаре, ки нисбат ба дигарон балҳои баландтар дошт, аз рӯйи ин комбинатсияи ихтисос гузаронида шуд ва бали довталаби 1-ум (дар рӯйхат бо тартиби камшавии балҳо), ки ба 348,3224 баробар буд, бали гузариш дар ин комбинатсияи ихтисос эълон карда шуд. Яъне, бали гузариш бали умумии аз имтиҳонҳо бадастовардаи ҳамон довталаби ба муассисаи таълимӣ тақсим шуда аст, ки аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян дар ҷойи охирини тибқи нақшаи қабул ҷудогардида қарор гирифтааст.
Ёдрас мекунем, ки бали бадастовардаи довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш, вобаста аз субтести асосии қисми А ё Б, метавонад гуногун бошад, зеро вазн (шумораи бали имконпазири ҳадди аксар)-и субтестҳо барои ихтисосҳо гуногун аст. Маълумоти муфассалро дар бораи вазн (шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо)-и субтестҳои қисмҳои А ва Б аз сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/fe-rist-oi-ikhtisos-o-tib-i-gur-oi-ikhtisos-o-va-shumorai-imkonpaziri-addi-aksari-bal-o-az-ar-subtesti-ism-oi-a-va-b-baroi-ar-ikhtisos-2.html) дастрас кардан мумкин аст.
Инчунин, тибқи натиҷаи шкалабандии холҳои бадастовардаи довталабон дар ИМД-2023 дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо аз рӯйи ҳар субтест (бо дарназардошти ихтисосҳо ва фанҳои асосии имтиҳонии онҳо) тартиб дода, дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/jadvalhoi-muvofikati-kholho-ba-balho.html) ҷойгир карда шудааст.