Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН

Нашр шуд: 23 Июли 2015
Диданд: 968

ЭЪЛОН

ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ НОРОЗӢ БУДАН АЗ НАТИҶА/ХОЛҲОИ ГУЗОШТАШУДА ДАР ИМД

Душанбе, 23-юми июли соли 2015

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади таъмин ва риояи ҳуқуқ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ)-и донишу маҳорати довталаб ба ӯ ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳонҳо дода шудааст. Қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо, яъне рӯзҳои 25‑ум – 27‑уми июл дар офиси асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Кӯлоб, Данғара ва Рашт, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки баррасии аризаи апеллятсионӣ маънои аз нав имтиҳон супоридан ё имконияти бо ин ё он роҳ ба даст овардани холи намерасидаро надошта, балки дар рафти он танҳо дурустии натиҷаҳои имтиҳонсупории довталабе, ки аризаи апеллятсионӣ додааст, санҷида мешавад.

Агар натиҷаи имтиҳонҳои довталаб дурусту ҳақиқӣ бошад, КОМИССИЯИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ҲУҚУҚИ БА ДОВТАЛАБИ АЗ ИН Ё ОН СУБТЕСТ (ФАН) ХОЛИ ГУЗАРИШРО СОҲИБНАШУДА ДОДАНИ ХОЛРО НАДОРАД.

Комиссияи апеллятсионӣ тибқи тартиб дар офиси асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душнабе, хиёбони Рӯдакӣ, 192) фаъолият мекунад ва аризаҳои пешниҳоднамудаи довталабонро дар давоми то 7 рӯз баррасӣ намуда, довталабони аризадодаро аз натиҷаҳои баррасӣ огоҳ менамояд.

Аз рӯйи натиҷаи баррасии аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз натиҷаҳои имтиҳон комиссияи  апеллятсионӣ метавонад, ки яке аз қарорҳои зеринро мувофиқан қабул намояд:

– дар бораи рад кардани аризаи апеллятсионӣ ва бе тағйир мондани натиҷаҳои имтиҳони довталаб;

– дар бораи қонеъ гардонидани аризаи апеллятсионӣ ва тағйир додани натиҷаҳои имтиҳони довталаб.

Бо назардошти нуктаҳои зикргардида аризаи апеллятсионӣ танҳо дар сурате қобили баррасӣ дониста мешавад, ки агар дар он яке аз ҳолатҳои зерин бо овардани далелҳои мушаххас нишон дода шуда бошад:

– мувофиқат накардани холҳои ба довталаб аз рӯйи субтестҳои дахлдор гузоштаи Марказ бо холҳои тибқи талаботи муқарраргардида ҳисобкардаи худи довталаб;

–  ба довталаб мансуб набудани варақаҳои ҷавобҳои дар кабинети инфиродиаш гузошташуда.

Шартҳои асосӣ барои пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ инҳоянд:

– бо истифода аз китобчаҳои тести худ, варақа(ҳо)-и ҷавобҳои дар кабинети инфиродии довталаб гузошташуда ва ҷавобҳои дурусти дар сомонаи Марказ гузошташуда холҳои бадастовардаи худро ҳисоб кардан;

– навиштани ариза дар шакли муқарраргардидаи АНН/ХГ ва пурраю дақиқ нишон додани маълумоти зарурӣ;

– овардани далелҳои мушаххас дар бораи холҳоро аз рӯйи варақа(ҳо)-и ҷавобҳо нодуруст ҳисоб кардани Марказ.

Ҳангоми пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ бо худ шиноснома, китобча(ҳо)-и тест ва нусха(ҳо)-и варақа(ҳо)-и ҷавобҳоро доштани довталаб зарур аст.

Аризаҳои апеллятсионие, ки бе риояи шартҳои асосӣ, бе яке аз ҳуҷҷатҳои дар боло қайдшуда ё пас аз муҳлати муқарраргардида пешниҳод мегарданд, баррасӣ карда намешаванд!

Вобаста ба пешниҳоди аризаҳои апеллятсионӣ аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми пур кардани шакли ариза маълумоти заруриро ба таври дақиқ ва хоно қайд намуда, фақат он бахшеро пур намоянд, ки ба довталаб дахл дорад, яъне бахши “Аризадиҳанда/довталаб пур мекунад.”. Дурусту бехато ва хоно пур кардани довталаб шакли аризаи апеллятсиониро худ як навъ нишондиҳандаи босаводии ӯст.

Аризаи апеллятсионӣ вобаста аз хоҳиши довталаб (1) дар ҳузури довталаб ва намояндаи ӯ, (2) дар ҳузури намояндаи довталаб ва ё (3) бе довталаб ва намояндаи ӯ баррасӣ карда мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки новобаста аз се ҳолати зикргардида ҳамаи аризаҳои апеллятсионӣ тибқи тартиб бо риояи шаффофият баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор аз тарафи комиссияи апеллятсионӣ ба таври одилона қабул мегардад ва натиҷаҳои баррасӣ ба аризадиҳандаҳо дастрас карда мешаванд. Вобаста ба ин, ҷиҳати пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ довталабон аз шаҳру ноҳияҳои дур метавонанд, ки шакли аризаи апеллятсиониро аз сомонаи расмии Марказ дарёфт карда чоп намоянд ва пас аз пур кардани он ба офиси асосии Марказ наомада, ба воситаи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., шуъбаҳои минтақавии Марказ ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо (нишонии онҳо дар зер оварда шудааст) ё бо намояндаи худ ба комиссияи апеллятсионӣ пешниҳод намоянд.

Аризаҳои апеллятсионии танҳо барои шинос шудан бо варақаи ҷавобҳои пуркардаи довталаб пешниҳодшуда баррасӣ карда намешаванд, зеро нусхаи варақаҳои ҷавобҳои пуркардаи ҳар довталаб дар кабинети инфиродиаш гузошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки натиҷаҳои дар имтиҳонҳо аз субтестҳо (фанҳо) бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш ва роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот 25‑уми июл эълон карда мешаванд.

ТАВАҶҶУҲ! Китобчаҳои тест ва сиёҳнависҳо дар онҳо, ки дар имтиҳон истифода гардидаанд, ҳамчун далел баррасӣ карда намешаванд.

Почтаи элекронӣ ва нишонии маконҳои пешниҳоди аризаҳои апеллятсионӣ

1. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;

– телефонҳо: 224-53-66, 224-53-68, 224-53-73, 224-53-72.

2. Бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд:

– вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҳаким Карим, 16;

–телефон: (+992 91) 598-00-89.

3. Бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Қӯрғонтеппа:

– вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Борбад, 13;

– телефон: (+992 91) 598-00-58.

4. Бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хоруғ:

– вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато, 234;

– телефон: (+992 91) 598-00-51.

5. Гимназияи № 5 ба номи Раҷаб Амонови шаҳри Истаравшан:

– вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан, кӯчаи А. Юсупов, 93 (назди маҳаллаи Қаробек);

– телефон: (+992 91) 598-00-64.

6. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 ба номи Саидҷон Ҳакимзодаи шаҳри Кӯлоб:

– вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 2 (назди терминали мусофирбарии шаҳри Кӯлоб);

–телефон: (+992 91) 598-00-50.

7. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2‑и ноҳияи Данғара:

– вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Нуралӣ Миралӣ (дар муқобили клиникаи ҷумҳуриявӣ);

–телефон: (+992 91) 598-00-88.

8. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ба номи Хоҷа Абдулхайрови ноҳияи Рашт:

– ноҳияи Рашт, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27 (назди бозор);

– телефон: (+992 91) 598-00-63.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон