Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАРТИБИ МУҚАРРАРГАРДИДАИ БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ

Нашр шуд: 25 Июни 2016
Диданд: 972

Душанбе, 25-уми июни соли 2016

Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсӣ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ) ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузаронидан ё натиҷаҳои имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи дар шакли хаттӣ додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардида ва (ё) норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳонҳо дода мешавад.

Аризаи апеллятсионӣ ин аризаи хаттии асосноккардаи довталаб (1) дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва (ё) (2) дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мебошад, ки тибқи тартиби муқарраркардаи ин Низомнома баррасӣ карда мешавад.

Аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ рӯзи имтиҳон то баромадан аз маркази имтиҳонӣ ба номи роҳбари маркази имтиҳонӣ пешниҳод карда мешавад.

Аризаи апеллятсионии довталаб дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар ҳолатҳои вайрон кардани муқаррароти танзимкунандаи расмиёти баргузории имтиҳонҳо, ки ба натиҷаи имтиҳон(ҳо) таъсири манфӣ мерасонад, барои баррасӣ қабул карда мешавад.

Агар тартиби баргузории имтиҳонҳо вайрон карда шавад, довталаб дар ин бора аризаи апеллятсиониро дар рӯзи имтиҳон аз маркази имтиҳонӣ набаромада пешниҳод менамояд.

Шакли аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро, ки Марказ онро муқаррар менамояд, ба довталаб тибқи дархосташ роҳбари маркази имтиҳонӣ медиҳад.

Довталаб шакли аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро пур карда, ба роҳбари маркази имтиҳонӣ месупорад. Роҳбари маркази имтиҳонӣ уҳдадор аст, ки довталабро аз муҳлати баррасӣ ва пешниҳоди натиҷаи баррасии аризаи апеллятсионӣ огоҳ намояд.

Комиссияи апеллятсионӣ хулосаи комиссияи кории маркази имтиҳонӣ ва маводи дахлдорро баррасӣ намуда, (1) дар сурати қонеъ гардонидани аризаи апеллятсионӣ қарор қабул менамояд, ки натиҷаи имтиҳони довталаб аз эътибор соқит дониста, ба ӯ дар имтиҳонҳои иловагӣ имконияти супоридани имтиҳони дахлдор дода шавад; (2) дар сурати беасос донистани даъвои довталаб қарор қабул менамояд, ки аризаи апеллятсионии довталаб рад карда шуда, натиҷаи имтиҳони ӯ қобили қабул дониста шавад.

Натиҷаҳои баррасӣ ва қарори қабулшуда бо протоколи баррасии аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки шакли онро Марказ муқаррар менамояд, ба расмият дароварда мешавад.

Комиссияи апеллятсионӣ довталаб ё намояндаи қонунии ӯро аз қарори қабулкардаи комиссияи апеллятсионӣ огоҳ месозад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон