Душанбе, 2-юми ноябри соли 2023
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо мақсади таъмин ва риояи ҳуқуқ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ)-и донишу маҳорати довталаб ба ӯ ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда дода шудааст.
Бо дарназардошти теъдоди довталабон ва маҳдудият дар муҳлати эълони натиҷаҳои тақсимот, қабули аризаҳои апеллятсионӣ аз довталабоне, ки имтиҳонҳоро дар даври сеюми иловагӣ супоридаанд, дар бинои асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Марказ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, аз 2‑юм то 3‑юми ноябр ба роҳ монда мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки баррасии аризаи апеллятсионӣ маънои аз нав имтиҳон супоридан ё имконияти бо ин ё он роҳ ба даст овардани холи намерасидаро надошта, дар рафти он танҳо дурустии холҳои барои имтиҳон ба довталаби аризадода гузошташуда санҷида мешавад. Агар варақаҳои ҷавобҳои довталаб тавассути барномаи компютерӣ бе хатои техникӣ коркард шуда, холҳои барои имтиҳони ӯ гузошташуда дуруст бошад, аризааш барои баррасӣ қабул карда намешавад. КОМИССИЯИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ҲУҚУҚИ БА ДОВТАЛАБИ АЗ ИН Ё ОН СУБТЕСТ ХОЛИ ГУЗАРИШРО СОҲИБНАШУДА ДОДАНИ ХОЛИ НАМЕРАСИДАРО НАДОРАД.
Комиссияи апеллятсионӣ тибқи тартиб дар дафтар (офис)-и асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192) фаъолият мекунад ва аризаҳои пешниҳоднамудаи довталабонро баррасӣ карда, довталабонро аз натиҷаи баррасии аризаҳояшон огоҳ менамояд.
Тибқи натиҷаҳои баррасии аризаи апеллятсионии довталаб дар бораи норозӣ буданаш аз холҳои гузошташуда дар ИМД комиссияи апеллятсионӣ яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд:
1) рад кардани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда;
2) қонеъ гардондани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда ва ба довталаб гузоштани холҳои дигар.
Бо дарназардошти нуктаҳои зикргардида аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар ИМД дар ҳолате барои баррасӣ қабул карда мешавад, ки агар довталаб маълум намояд:
- холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда нодуруст ҳисоб карда шудааст;
- савол ё масъалаи тест (а) беш аз як ҷавоби дуруст дорад, (б) ҳал ё ҷавоби дуруст надорад;
- варақаи ҷавобҳои дар кабинети инфиродии ӯ гузошташуда ба ӯ тааллуқ надорад.
Шартҳои асосӣ барои пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ инҳоянд:
- довталаб бояд бо истифода аз нусхаи варақаи ҷавобҳои дар кабинети инфиродияш гузошташуда ва калидҳо (ҷавобҳои дуруст), ки дар сомонаи Марказ гузошта шудааст, холҳои бадастовардаашро ҳисоб ва бо холҳои барои имтиҳон ба ӯ гузоштаи Марказ муқоиса намуда, маълум кунад, ки холҳои барои имтиҳон ба ӯ гузоштаи Марказ нодуруст ҳисоб карда шудааст;
- навиштани ариза дар шакли муқарраргардида ва пурраю дақиқ нишон додани маълумоти зарурӣ;
- овардани далелҳои мушаххас дар бораи номувофиқатии холҳои шахсан ҳисобкардаи довталаб бо холҳои тибқи натиҷаҳои коркарди варақаи ҷавобҳо гузоштаи Марказ.
Ҳангоми пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ бо худ шиноснома ва нусхаи варақаи ҷавобҳоро доштани довталаб зарур аст.
Аризаҳои апеллятсионие, ки бе риояи шартҳои асосӣ, бе яке аз ҳуҷҷатҳои дар боло қайдшуда ё пас аз муҳлати муқарраргардида пешниҳод мегарданд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд.
Вобаста ба пешниҳоди аризаҳои апеллятсионӣ аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми пур кардани шакли ариза маълумоти заруриро дақиқ ва хоно қайд намуда, танҳо он бахшеро пур кунанд, ки ба довталаб дахл дорад (бахши “Аризадиҳанда/довталаб пур мекунад.”), зеро шакли аризаи апеллятсиониро дурусту бехато ва хоно пур кардани довталаб худ як навъ нишондиҳандаи босаводии ӯст.
Аризаи апеллятсионӣ вобаста аз хоҳиши довталаб (1) дар ҳузури довталаб ва намояндаи ӯ, (2) дар ҳузури намояндаи довталаб ва ё (3) бе довталаб ва намояндаи ӯ баррасӣ карда мешавад. Новобаста аз се ҳолати зикргардида ҳамаи аризаҳои апеллятсионӣ тибқи тартиб шаффоф баррасӣ шуда, комиссияи апеллятсионӣ одилона қарор мебарорад ва натиҷаҳои баррасӣ ба аризадиҳандаҳо дастрас карда мешаванд. Вобаста ба ин, ҷиҳати пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ довталабон аз шаҳру ноҳияҳои дур метавонанд, ки шакли аризаи апеллятсиониро аз сомонаи Марказ дарёфт карда чоп намоянд ва пас аз пур кардани он ба дафтар (офис)-и асосии Марказ наомада, ба воситаи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Марказ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғараю Рашт (нишонии онҳо дар зер оварда мешавад) ё бо намояндаи худ ба кормандони масъули Марказ пешниҳод намоянд.
Аризаҳои апеллятсионие, ки танҳо бо мақсади шинос шудан бо варақаи ҷавобҳои пуркардаи довталаб пешниҳод мешаванд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд, зеро нусхаи варақаи ҷавобҳои пуркардаи ҳар довталаб дар кабинети инфиродиаш гузошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки натиҷаҳои дар даври сеюми иловагии имтиҳонҳо аз субтестҳо (фанҳо) бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ 2‑юми ноябр эълон карда шуданд.
ТАВАҶҶУҲ! Варақаҳои сиёҳнавис ва китобчаҳои тест, ки дар имтиҳон истифода гардидаанд, барои даъво кардан далел шуда наметавонанд ва ба натиҷаи имтиҳон таъсир намерасонанд.
Агар тибқи натиҷаи баррасии аризаи апеллятсионӣ шумораи холҳои бадастовардаи довталаби аризадода тағйир ёбад, тағйироти мазкур дар кабинети инфиродияш рӯзи эълони натиҷаҳои тақсимот (4-уми ноябр) ворид карда мешавад. Маълумот дар бораи тағйир ёфтани холҳои бадастовардаи довталаби аризадода ба довталаби аризадода рӯзи 3-юми ноябр тавассути телефон расонида мешавад. Агар то 3-юми ноябр натиҷаи баррасии аризаҳои апеллятсионӣ маълум нагардад, дар ин хусус довталабон метавонанд бевосита ба Марказ муроҷиат намоянд.
Аризаҳои апеллятсиониро дар бораи норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус ва имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ Марказ қабул намекунад, балки мустақиман муассисаҳои таълимии дахлдор қабул мекунад.
Почтаи электронӣ ва маконҳои пешниҳоди аризаҳои апеллятсионӣ
1. Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
2. Душанбе – Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;
- телефонҳо: 224-53-68, 224-53-67, 224-53-73.
3. Хоруғ –бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);
- телефон: 915-20-72-29, 93-106-68-41.
4. Хуҷанд – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат));
- телефон: 92-644-11-48, 8-34-224-11-48.
5. Панҷакент – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;
- телефон: 92-874-81-88.
6. Бохтар – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35;
- телефон: 888-88-03-08.
7. Кӯлоб – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 26;
- телефон: 915-57-90-77.
8. Данғара – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32;
- телефон: 939-32-55-65.
9. Рашт – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;
- телефон: 919-18-86-78, 919-18-86-78.