Душанбе, 17-уми июли соли 2025
Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 иштирок кардаанд, расонда мешавад, ки натиҷаҳои ин даврҳои имтиҳонҳо 21‑уми июл эълон карда мешавад.
Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқи довталабон барои арзёбии воқеӣ ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузарондан ё натиҷаҳои имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ (дар шакли хаттӣ) дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон ва ё норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дода мешавад. Тибқи тартиби мазкур довталаб ҳуқуқ дорад, ки дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон дар рӯзи имтиҳон аз маркази имтиҳонӣ берун набаромада ва (ё) дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар давоми то 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳои иштироки довталабон дар имтиҳонҳо аризаи апеллятсионӣ пешниҳод намояд.
Вобаста ба ин, қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои дар ИМД – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумииа асосӣ) гузошташуда дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо, яъне аз 21‑ум то 23‑юми июл дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе), инчунин дар нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Рашт ва Шаҳритус, ки нишонии онҳо дар зери ин хабар нишон дода шудааст, ба роҳ монда мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки баррасии аризаи апеллятсионӣ маънои аз нав имкони имтиҳон супоридан ё бо ин ё он роҳ ба даст овардани холи иловагиро надошта, дар рафти он танҳо дурустии холҳои барои имтиҳон ба довталаб гузошташуда санҷида мешавад. Агар варақаҳои ҷавобҳои довталаб тавассути барномаи компютерӣ бе хатои техникӣ коркард шуда, холҳои барои имтиҳони ӯ гузошташуда дуруст бошад, аризааш баррасӣ карда намешавад. КОМИССИЯИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ҲУҚУҚИ БА ДОВТАЛАБИ АЗ ИН Ё ОН СУБТЕСТ ХОЛИ ГУЗАРИШРО СОҲИБНАШУДА ДОДАНИ ХОЛИ ИЛОВАГИРО НАДОРАД.
Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон довталаб барои пур кардани варақаи ҷавобҳо шахсан масъул аст. Даъвои довталаб дар бораи холҳои дар имтиҳон ба ӯ гузошташуда дар ҳолатҳои зерин қабул ва баррасӣ карда намешавад:
- қайд накардани ҷавобҳо дар варақаи ҷавобҳои тест;
- нодуруст ё қисман қайд кардани ҷавобҳо дар варақаи ҷавобҳои тест;
- нодуруст навиштани ҷавобҳо дар варақаи ҷавобҳои тест;
- кӯчонидани ҷавобҳои як субтест ба қисмати барои субтести дигар ҷудошудаи варақаи ҷавобҳо.
Комиссияи апеллятсионӣ тибқи тартиб дар дафтар (офис)-и асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192) фаъолият мекунад ва аризаҳои пешниҳоднамудаи довталабонро баррасӣ карда, довталабонро аз натиҷаи баррасии аризаҳояшон огоҳ менамояд.
Тибқи натиҷаҳои баррасии аризаи апеллятсионии довталаб дар бораи норозӣ буданаш аз холҳои гузошташуда дар ИМД комиссияи апеллятсионӣ яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд:
1) рад кардани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда;
2) қонеъ гардондани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда ва ба довталаб гузоштани холҳои дигар.
Бо дарназардошти нуктаҳои зикргардида аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар ИМД дар ҳолате баррасӣ карда мешавад, ки агар довталаб маълум намояд:
- холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда нодуруст ҳисоб карда шудааст;
- савол ё масъалаи тест (а) беш аз як ҷавоби дуруст дорад, (б) ҳал ё ҷавоби дуруст надорад;
- варақаи ҷавобҳои дар кабинети инфиродии ӯ гузошташуда ба ӯ тааллуқ надорад.
Шартҳои асосӣ барои пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ инҳоянд:
- довталаб бояд бо истифода аз нусхаи варақаи ҷавобҳои дар кабинети инфиродияш гузошташуда ва калидҳо (ҷавобҳои дуруст), ки дар сомонаи Марказ гузошта шудааст, холҳои бадастовардаашро ҳисоб ва бо холҳои барои имтиҳон ба ӯ гузоштаи Марказ муқоиса намуда, маълум кунад, ки холҳои ба ӯ гузоштаи Марказ нодуруст ҳисоб карда шудааст;
- навиштани ариза дар шакли муқарраргардида ва пурраю дақиқ нишон додани маълумоти зарурӣ;
- овардани далелҳои мушаххас дар бораи номувофиқатии холҳои шахсан ҳисобкардаи довталаб бо холҳои тибқи натиҷаҳои коркарди варақаи ҷавобҳо гузоштаи Марказ.
Ҳангоми пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ бо худ шиноснома ва нусхаи варақаи ҷавобҳоро доштани довталаб зарур аст.
Аризаҳои апеллятсионие, ки бе риояи шартҳои асосӣ, бе яке аз ҳуҷҷатҳои дар боло қайдшуда ё пас аз муҳлати муқарраргардида пешниҳод мегарданд, баррасӣ карда намешаванд.
Аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми пур кардани қолаби аризаи апеллятсионӣ маълумоти заруриро дақиқ ва хоно қайд намуда, танҳо он бахшеро пур кунанд, ки ба довталаб дахл дорад (бахши “Аризадиҳанда/довталаб пур мекунад.”), зеро шакли аризаи апеллятсиониро дурусту бехато ва хоно пур кардани довталаб худ як навъ нишондиҳандаи босаводии ӯст.
Аризаи апеллятсионӣ вобаста аз хоҳиши довталаб (1) дар ҳузури довталаб ва намояндаи ӯ, (2) дар ҳузури намояндаи довталаб ва ё (3) бе довталаб ва намояндаи ӯ баррасӣ карда мешавад. Новобаста аз се ҳолати зикргардида ҳамаи аризаҳои апеллятсионӣ тибқи тартиб шаффоф баррасӣ шуда, комиссияи апеллятсионӣ одилона қарор мебарорад ва натиҷаҳои баррасӣ ба аризадиҳандаҳо дастрас карда мешаванд. Вобаста ба ин, барои пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ довталабон аз шаҳру ноҳияҳои дур метавонанд, ки шакли аризаи апеллятсиониро аз сомонаи Марказ дарёфт карда, чоп намоянд ва пас аз пур кардани он ба дафтар (офис)-и асосии Марказ наомада, ба воситаи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё яке аз нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Рашт ва Шаҳритус (нишонии онҳо дар зер оварда мешавад) ё бо намояндаи худ ба кормандони масъули Марказ пешниҳод намоянд.
Аризаҳои апеллятсионие, ки танҳо бо мақсади шинос шудан бо варақаи ҷавобҳои пуркардаи довталаб пешниҳод шудаанд, баррасӣ карда намешаванд, зеро нусхаи варақаи ҷавобҳои пуркардаи ҳар довталаб дар кабинети инфиродиаш гузошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфтани довталаб маънои донишҷӯ шудан, ё ҳадди ақал аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардааш гузаштани ӯро надорад. Комёб шудан ё нашудани довталаб аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардааш танҳо 25-уми июл, яъне пас аз озмуни тақсимот, ки онро системаи иттилоотӣ ба таври худкор бе таъсири омилҳои инсонӣ анҷом медиҳад, маълум мегардад.
ТАВАҶҶУҲ! Варақаҳои сиёҳнавис, яъне китобчаҳои тест, ки дар имтиҳон истифода гардидаанд, барои даъво кардан далел шуда наметавонанд ва ба натиҷаи имтиҳон таъсир намерасонанд.
Агар тибқи натиҷаи баррасии аризаи апеллятсионӣ шумораи холҳои бадастовардаи довталаби аризадода тағйир ёбад, тағйироти мазкур дар кабинети инфиродияш рӯзи эълони натиҷаҳои тақсимот (25-уми июл) ворид карда мешавад. Маълумот дар бораи тағйир ёфтани холҳои бадастовардаи довталаби аризадода ба довталаби аризадода рӯзи 24-уми июл тавассути телефон расонида мешавад. Агар то 24-уми июл натиҷаи баррасии аризаҳои апеллятсионӣ маълум нагардад, дар ин хусус довталабон метавонанд бевосита ба Марказ муроҷиат намоянд.
Аризаҳои апеллятсиониро дар бораи норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус ва имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ Марказ қабул намекунад, балки мустақиман муассисаҳои таълимии дахлдор қабул мекунад.
Почтаи электронии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ
1. Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
2. Душанбе – Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192 (нуқтаи роҳнамо – боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ);
- телефонҳо: 224-53-68, 224-53-73, 44-600-40-02, 44-600-40-06.
3. Хоруғ – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (нуқтаи роҳнамо – маркази шаҳр, муассисаи таълимии давлатии “Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);
- телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55.
4. Хуҷанд – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (нуқтаи роҳнамо – маҳаллаи Бофанда, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимов);
- телефон: 926-44-11-48.
5. Истаравшан – гимназияи № 5-и ба номи Раҷаб Амонов:
- шаҳри Истаравшан, кӯчаи Аслонхӯҷа Юнусов, 93 (нуқтаи роҳнамо – бинои бонки “Эсхата”);
- телефон: 927-55-61-19.
6. Панҷакент – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримов);
- телефон: 871-25-09-09.
7. Бохтар – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4);
- телефон: 888-88-03-08.
8. Кӯлоб – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6‑и ба номи Давлаталӣ Назаров);
- телефон: 918-57-90-77.
9. Данғара – литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун:
- ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 (нуқтаи роҳнамо – шуъбаи маориф);
- телефон: 939-32-55-65, 553-55-95-52.
10. Шаҳритус – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1:
- ноҳияи Шаҳритус, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 54 (нуқтаи роҳнамо – беморхонаи марказӣ);
- телефон: 935-10-95-05.
11. Рашт – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79 (нуқтаи роҳнамо – шуъбаи маориф);
- телефон: 988-18-86-78, 918-28-29-30.