Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗА БАРОИ ДОВТАЛАБОНЕ, КИ БИНОБАР ДАР ДАВРИ АСОСИИ ИМТИҲОНҲО ИШТИРОК КАРДА НАТАВОНИСТАНАШОН ХОҲИШИ ИШТИРОКРО ДАР ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲО ДОРАНД

Нашр шуд: 02 Июли 2022
Диданд: 8793

Душанбе, 2-юми июли соли 2022

Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) иштирок карда натавонистаанду хоҳиши супоридани онро дар даври иловагӣ доранд, расонида мешавад, ки муҳлати пешниҳоди ариза оид ба ин масъала то 9‑уми июл муқаррар гардидааст.

Тибқи “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ гардидааст, довталабе, ки дар даври асосии имтиҳон иштирок карда натавониста, дар даври иловагии имтиҳон иштирок кардан мехоҳад, бояд маблағи иловагии хизматрасониро, ки Маркази миллии тестӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, пардохта, ба Марказ ариза пешниҳод намояд.

Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ дар соли 2022 барои довталабонви дар даври иловагии имтиҳон – қисми А ё Б иштироккунанда чунин муқаррар карда шудааст:

Р/т

Гурӯҳи довталабон

Маблағ

1

Довталабони беимтиёз

70

2

Довталабони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд

35

3

Довталабони маъюби гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”

35

4

Довталабони ятими кул ва бепарастори то 21‑сола

-*

5

Довталабони маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё “кӯдаки маъюб”, ки падар ё модарашон вафот кардаст ё дар парастории яке аз онҳоянд

-*

* ин гурӯҳи довталабон аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2022 озоданд. Агар вобаста ба мансуб будани довталаб ба ин ё он гурӯҳи шахсони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта шубҳа ҷой дошта бошад, барои маълум кардани ин масъала довталаб бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарин ё тавассути телефони 224 53 68 ба Марказ муроҷиат кунад.

Хотиррасон мекунем, ки даври иловагии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо рӯзи 12-уми июл дар марказҳои имтиҳонии танҳо шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Маблағи хизматрасонӣ барои иштироки довталаб дар даври иловагии ИМД бояд пешакӣ дар яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумурӣ ё тавассути барномаи мобилии “Амонатмобайл” (то 9-уми июл) пардохт карда шавад.

Варақаи аризаро довталаб аз маркази имтиҳонӣ ё бахши минтақавии Марказ (дар давраи имтиҳонҳо – аз 1-ум то 7-уми июл), худи Марказ ё сомонаи он дастрас карда метавонад. Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб, аз ҷумла насаб, ном ва номи падар дар шакли пурра тибқи шиноснома ва ҷойи истиқомат, инчунин рақами расиди бонкӣ дода шуда, ба он нусхаи варақаи бақайдгирӣ ё даъватномаи довталаб илова карда шавад. Пас аз пур кардани варақаи ариза довталаб онро бо замима кардани варақаи бақайдгирӣ бояд ба Маркази миллии тестӣ (то 9-уми июл, аз соати 08:00 то соати 17:00) ё маркази имтиҳонӣ (то 7-уми июл аз соати 09:00 то соати 13:00) пешниҳод намояд. Ҳарчанд дар ариза қайд кардани рақами расиди бонкӣ кофист, лекин довталаб метавонад ба ариза расиди бонкӣ ё нусхаи онро замима кунад.

Таъкид мекунем, ки бинобар ба раванди имтиҳонҳо ҷалб гардидани кормандони бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилооти Маркази миллии тестӣ дар шаҳру ноҳияҳо қабули аризаҳо дар бахшҳои мазкур то 7-уми июл (аз соати 14:30 то соати 17:00) ва дар худи Марказ то 9-уми июл (аз соати 08:00 то соати 17:00) роҳ монда мешавад.

Довталабон метавонанд аризаҳои худро тавассути почтаи электронӣ низ ба Марказ (Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) пешниҳод намоянд. Дар ин сурат довталаб бояд варақаи аризаро аз сомонаи Марказ чоп ва онро тибқи талаботи дар боло зикргардида пур кунад, баъдан аризаи пуркадаашро тавассути намогир (сканер) намобардорӣ карда, ба Марказ фиристад.

Ба довталабоне, ки барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳо ариза пешниҳод мекунанд, тавсия медиҳем, шумораи телефони худро, ки ҳангоми бақайдгирӣ ва ё пешниҳоди ариза қайд кардаанд, фаъол нигоҳ дошта, худ бо телефонҳои дар зер нишондодашуда барои гирифтани маълумоти зарурӣ бо Маркази миллии тестӣ дар тамос шаванд.

 

Нишонӣ ва рақамҳои телефони Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои минтақавии он

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдаки, 192

Телефонҳо: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68

Сомона: www.ntc.tj

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 192;

- телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67;

- Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.;

Хоруғ: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:

- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 12;

- телефон: 915 57 90 77, 915 20 72 29.

Рашт: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:

- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;

- телефон: 987 28 61 73, (+992 3131) 2 15 78.

Хуҷанд: бахши минтақавии Марказ:

- вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5;

- телефон: 915 66 11 77, 926 44 11 48.

Панҷакент: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:

- вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;

- телефон: 988 18 86 78, (+992 3222) 5 50 51.

Бохтар: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:

- вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35;

- телефон: 915 98 00 64, (+992 3222) 3 05 41.

Кӯлоб: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:

- вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26;

- телефон: 915 98 00 63, 915 57 90 77.

Данғара: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:

- вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32;

- телефон: 935 44 95 05, (+992 3312) 2 17 86.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон