Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗА БАРОИ БА ИМТИҲОНҲОИ ИЛОВАГӢ ИҶОЗАТ ДОДАНИ ДОВТАЛАБОНЕ, КИ ДАР ДАВР(ҲО)-И АСОСИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БО САБАБИ УЗРНОК ИШТИРОК КАРДА НАТАВОНИСТААНД

Нашр шуд: 04 Июли 2016
Диданд: 1186

Душанбе, 4-уми июли соли 2016

Ба иттилои довталабоне, ки ки дар давр(ҳо)-и асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо сабабҳои узрнок иштирок карда натавониста, хоҳиши дар даври иловагӣ супоридани имтиҳонҳоро доранд, мерасонем, ки чунин хоҳишмандон барои иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ бояд ариза пешниҳод намоянд. Шакли аризаро довталаб метавонад аз маркази имтиҳонӣ ё Маркази миллии тестӣ дастрас намояд. Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб дода шуда, сабаби дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонистани ӯ мушаххас баён гардад. Дар бораи сабаби ҳолатҳои узрнок, аз ҷумла беморӣ, фавти наздикони оила, садамаи нақлиётӣ ва ғайра ҳуҷҷати тасдиқкунанда низ бояд ба ариза замима карда шавад. Пас аз пур кардани шакли ариза довталаб онро ба Маркази миллии тестӣ ё маркази имтиҳонӣ пешниҳод менамояд.

Агар довталаби ариза пешниҳодкарда дар имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) иштирок карда натавониста бошад, новобаста аз қарори комиссияи дахлдор дар бораи ба довталаб иҷозат додан ё надодан барои иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ, ҳуқуқ дорад, ки дар имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) иштирок намояд. Яъне чунин довталаб метавонад дар санаи дар даъватномааш нишондодашуда дар имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) иштирок намояд.

Инчунин, довталабе, ки дар имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) иштирок карда, бо сабаби узрнок дар имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) иштирок карда натавонистааст, ҳуқуқ дорад, ки барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ ариза пешниҳод намояд.

Имтиҳонҳои иловагии қисми А (имтиҳони умумӣ) рӯзи 18‑уми июл ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) рӯзи 19‑уми июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Муҳлати қабули аризаҳо оид ба масъалаи мазкур то 14‑уми июл муқаррар гардидааст. Ба довталабоне, ки барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ ариза пешниҳод кардаанд, тавсия медиҳем, ки шумораи телефони худро, ки ҳангоми бақайдгирӣ ва ё пешниҳоди ариза қайд кардаанд, фаъол нигоҳ дошта, худ бо телефонҳои 224-53-67, 224-53-68, 224-53-73 барои гирифтани маълумоти зарурӣ бо Маркази миллии тестӣ дар тамос шаванд.

Ёдрас менамоем, ки онҳое, ки дар даври асосии бақайдгирӣ ё бақайдгирии иловагӣ сабти ном накардаанд, ҳуқуқи иштирок карданро дар имтиҳонҳои иловагӣ надоранд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон