Душанбе, 16-уми августи соли 2017
Бо қарори мушовараи ғайринавбатии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 14-уми августи cоли 2017,
№ 12/1 тасдиқ шудааст
Тартиби озмуни тақсимоти такрории довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ба ҷойҳое, ки тибқи ихтисосҳо баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён холӣ мондаанд
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби мазкур дар асоси “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 495 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, тартиби баргузории озмуни тақсимоти такрории довталабонро ба ҷойҳои тибқи ихтисосҳои баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён холимонда муайян менамояд.
2. Озмуни тақсимоти такрории довталабон аз нав имтиҳон супоридани довталабонро талаб намекунад ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Марказ) онро дар асоси балҳои аз қисмҳои дахлдор бадастовардаи довталабон баргузор менамояд.
3. Дар озмуни тақсимоти такрорӣ довталабоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки бо гирифтани холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои дахлдор, инчунин аз имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус ва имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ (дар сурати супоридани чунин имтиҳон) аз рӯйи ихтисос(ҳо)-и интихобкардаашон ба озмуни тақсимот (-и асосӣ) роҳ ёфта, вале дар он аз рӯйи натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаашон мувофиқи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб нашудаанд.
4. Барои дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок кардан довталаб бояд тибқи тартиби муқарраргардида аз нав сабти ном кунад.
2. ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ
5. Довталаб барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иштирокаш дар тақсимоти такрорӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намояд:
- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
- варақаи бақайдгирӣ (ё даъватнома);
- расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба пардохти маблағи иловагӣ барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрорӣ.
3. ТАРТИБИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ
6. Довталабе, ки дар озмуни тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирок карданро дорад, дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро метавонад интихоб намояд.
7. Довталабе, ки:
- аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, метавонад комбинатсияи ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд;
- аз ҳамаи субтестҳои дахлдори танҳо қисми А (имтиҳони умумӣ) ва аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, метавонад комбинатсияи ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб менамоянд;
- аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) ва аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, метавонад ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд ва ҳам ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб мекунанд;
- аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) ва аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, метавонад ҳам комбинатсияи ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд ва ҳам комбинатсияи ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А, Б ва Г-ро талаб мекунанд;
8. Довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ва 2-юм (иқтисод ва география) ҳуқуқи интихоб кардани комбинатсияҳои ихтисосҳоро дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон доранд.
9. Довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш):
- агар аз субтестҳои дахлдори қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) холҳои гузаришро соҳиб гардида бошанд, комбинатсияҳои ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд, (а) дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон ё (б) дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ё (в) дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) интихоб карда метавонанд;
- агар аз субтестҳои дахлдори қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос), инчунин аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) ва (ё) аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) холҳои гузаришро соҳиб гардида бошанд, (а) дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон комбинатсияҳои ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд ва (ё) комбинатсияҳои ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва В (ё) Г-ро талаб менамоянд ё (б) дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ё (в) дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) комбинатсияҳои ихтисосҳоеро, ки супоридани имтиҳони қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд, интихоб карда метавонанд;
- агар аз субтестҳои дахлдори танҳо қисми А (имтиҳони умумӣ) ва аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардида бошанд, дар доираи танҳо гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон комбинатсияҳои ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб мекунанд, интихоб карда метавонанд.
10. Довталабе, ки аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро супорида, ба озмуни тақсимот роҳ ёфтааст, ҳуқуқ дорад, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ чунин ихтисосҳоро дар доираи самти дахлдор (санъат (тасвирӣ ё мусиқӣ), варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ё динӣ) бе маҳдудияти навъи ихтисосҳои мазкур интихоб намояд.
4. ТАРТИБИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ
11. Тақсимоти такрории довталабон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои аз қисмҳои дахлдор бадастовардаашон дар доираи шумораи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ҷудо гардидааст, амалӣ мешавад.
12. Тақсимоти такрории довталабон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии «Довталаб» дар асоси озмун анҷом дода мешавад.
13. Вобаста аз намуд ва гурӯҳи ихтисосҳо тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои умумии зерин анҷом дода мешавад:
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз субтетҳои қисми А ва бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ва 2-юм (иқтисод ва география) барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Б, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш) барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А, Б ва Г, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А, Б ва Г-ро талаб мекунанд.
14. Тақсимоти такрории довталаб аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқи бартарии интихоб ва ҷойи довталаб дар рӯйхати тибқи балҳои умумии дахлдори бадастовардаи довталабон мураттабшуда, ки барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои мазкур тартиб дода шудааст, анҷом дода мешавад.
15. Тақсимоти довталаб дар раванди тақсимоти такрорӣ дар навбати аввал аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳо дар варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), баррасӣ карда мешавад. Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси якум нишондодааш муваффақ шавад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои минбаъдаи интихобкардааш ба роҳ монда намешавад.
16. Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳо дар варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), нагузарад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳо дар варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи дуюм нишон додааст (яъне бартарии интихобаш дуюм), ба роҳ монда мешавад. Раванди тақсимот бо ин тартиб то замоне идома меёбад, ки довталаб ё аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ мешавад ё аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб намешавад.
17. Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимот шуда бошад, он гоҳ, новобаста аз он ки бали умумии бадастовардааш барои тақсимот шуданаш аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) минбаъдаи интихобкардааш кофӣ аст, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) минбаъдаи интихобкардааш баррасӣ намешавад.
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
18. Дар сурати пас аз озмуни тақсимоти такрории довталабон ба ҷойҳое, ки бо сабабҳои гуногун аз рӯйи ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз озмуни тақсимот (‑и асосӣ)-и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён холӣ мондаанд, боз ҳам холӣ мондани ҷойҳо Марказ озмуни тақсимоти такрории иловагии довталабонро баргузор менамояд.
19. Марказ тақсимоти такрории иловагии довталабонро ба ҷойҳое, ки тибқи ихтисосҳо баъд аз озмуни тақсимоти такрории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2017 мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён ҷойҳои холӣ доранд, дар асоси Тартиби мазкур ба роҳ мемонад.