Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ТАРТИБИ БАРҚАРОР КАРДАНИ РАМЗ БАРОИ ВОРИДШАВӢ БА КАБИНЕТИ ИНФИРОДИИ ДОВТАЛАБ

Нашр шуд: 26 Майи 2016
Диданд: 1177

Душанбе, 26-уми майи соли 2016

Ба диққати довталабоне, ки рамзи кабинети инфиродии худро фаромӯш кардаанд ё бинобар хато будани рамз ба он ворид шуда наметавонанд, расонида мешавад, ки тартиби барқарор кардани рамз барои воридшавӣ ба кабинети инфиродии довталаб чунин аст.

1. Агар довталаб дар вақти бақайдгирӣ нишонии почтаи электронии худро қайд намуда бошад, он дар маълумоти бақайдгириаш ворид карда мешавад. Бо истифода аз имконияти (пайванди) “Рамзро фаромӯш кардед?” довталаб метавонад рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродии худро барқарор намояд.  Барои муайян кардани ворид карда шудан ё нашудани нишонии почтаи электронии довталаб дар маълумоти бақайдгириаш довталаб бояд ба майдони “Почтаи электронӣ (e-Mail)”-и варақаи бақайдгириаш нигоҳ кунад. Агар дар майдони мазкур нишонии почтаи электронии довталаб қайд гардида бошад, пас, довталаб бояд пайванди “Рамзро фаромӯш кардед?”-ро пахш намояд. Баъд аз пахши ин пайванд довталаб рақами назоратӣ ва нишонии почтаи электрониашро дар майдонҳои дахлдор бояд дохил кунад. Пас аз ин ба почтаи электронии довталаб рамзи муваққатии нав, ки он ба таври худкор (автоматӣ) тартиб дода мешавад, меояд.

2. Агар довталаб дар вақти бақайдгирӣ нишонии почтаи электронии худро нишон надода бошад, зарур аст, ки довталаб барои барқарор кардани рамз барои воридшавӣ ба кабинети инфиродии худ ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод намояд. Яке аз роҳҳои осон барои пешниҳоди ариза ба Марказ дар ин хусус истифодаи почтаи электронӣ аст.

Довталаб барои барқарор кардани рамзи кабинети инфиродиаш бояд аз нишонии почтаи электронии худ ба нишонии почтаи электронии Марказ – Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ариза пешниҳод намояд. Хотиррасон менамоем, ки матни ариза дар майдони матни мактуби электронӣ навишта мешавад ва пайваст (прикрепить) кардани файли алоҳида зарур нест. Дар ариза бояд маълумоти зерин дуруст дарҷ карда шавад:

(1) насаб, ном ва номи падари довталаб мувофиқи шиноснома, ки он инчунин дар варақаи бақайдгирии довталаб дарҷ гардидааст;

(2) рақами назоратии довталаб, ки дар варақаи бақайдгирии довталаб навишта шудааст;

(3) нишонии почтаи электронии довталаб барои истифодаи фардӣ, ки он ба пойгоҳи додаҳои бақайдгирӣ дар алоқамандӣ бо рақами назоратии довталаб ворид карда мешавад;

(4) рақами телефон(ҳо)-и фаъоли довталаб, ки дар зарурат ба воситаи он(ҳо) бо довталаб дар тамос шудан мумкин бошад.

Пас аз ворид шудани ариза ба Марказ нишонии почтаи электроние, ки довталаб тавассути он ба Марказ муроҷиат кардааст, дар пойгоҳи додаҳои бақайдгирии Марказ ворид шуда, он ба рақами назоратии довталаб алоқаманд карда мешавад. Сипас ба почтаи электронии довталаб мактуби ҷавобӣ ирсол гардида, дар он маълумоти муфассал дар бораи қадамҳои баъдӣ барои барқарор кардани рамз барои воридшавӣ ба кабинети инфиродиаш дарҷ карда мешавад.

Ба довталабон тавсия медиҳем, ки дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”-ро, ки дар сомонаи Марказ гузошта шудааст, барои огоҳӣ аз мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла истифодаи сомонаи Марказ ва кабинети инфиродӣ мутолиа намоед.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон