Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД-2022
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2022
    • Ҳисоботи даврӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2022
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2022-2023 (руйхати ихтисосҳо)
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

ТАМДИДИ МУҲЛАТИ БАҚАЙДГИРӢ

Нашр шуд: 13 Апрели 2021
Диданд: 2118

Душанбе, 13-уми апрели соли 2021

Ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонем, ки бинобар то ҳол зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) то 30-юми апрел тамдид карда шуд.

Таъкид бояд кард, ки тибқи маълумоти омории рафти бақайдгирии довталабон дар ИМД-2021 аз 1-уми март то 12‑уми апрел шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии номнависшуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5‑ум (тиб, биология ва варзиш) 131,47 %, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 4‑ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) 110,80 %, ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юм (филология, педагогика ва санъат) 101,82 %-ро аз нақшаи қабули ҳар яке аз ин гурӯҳҳо ташкил медиҳад. Шумораи довталабони бақайдгирифташудаи дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳамагӣ 55,27 % ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) 65,45 %-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи гурӯҳҳои ихтисосҳои 5-ум, 4‑ум ва 3‑юм хеле кам аст.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи маълумоти оморӣ аз ИМД-2020 (бо дарназардошти ду марҳалаи бақайдгирӣ) аз рӯйи таносуби калонтарини шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум дар ҷойи 1‑ум (нисбат ба нақшаи қабул 168,75 %), гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум дар ҷойи 2‑юм (нисбат ба нақшаи қабул 167,23 %) ва гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юм дар ҷойи 3‑юм (нисбат ба нақшаи қабул 140,96 %) буд. Ҳамчунин, таносуби хурдтарини шумораи довталабон ва ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (нисбат ба нақшаи қабул 80,51 %) ва гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (нисбат ба нақшаи қабул 102,93 %) буд. Вобаста ба ин, соли 2020‑ум аз шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар имтиҳонҳо иштироккарда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум 12510 нафар (37,30 %), дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум 2906 нафар (32,25 %) ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм 4690 нафар (25,22 %)‑ашон бинобар роҳ наёфтан ба озмуни тақсимот ё гирифтани балҳои паст сазовори номи донишҷӯй шуда натавонистанд, ки ин шумораи хеле зиёд аст. Дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум танҳо 2702 нафар (16,86 %) ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм 2501 нафар (13,77 %)‑ашон аз шумораи умумии довталабони довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар имтиҳонҳо иштироккарда донишҷӯй шуда натавонистаанд, ки ин нисбат ба ҳиссаи довталабони комёбнашудаи гурӯҳҳои ихтисосҳои 4-ум ва 5-ум хеле кам аст. Бинобар ин, дар ИМД-2020 қариб ҳамаи довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум ва 2-юмро интихобкарда, ки холҳои гузариши фанниро ба даст оварда буданд, дар озмуни тақсимот комёб шуда, донишҷӯй гардиданд. Баръакс, аксари довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 4-ум ва 5-умро интихобкарда, ки холҳои гузариши фанниро ба даст оварда буданд, ҳатто бо холҳои баланд балҳои гузаришро соҳиб нашуда, донишҷӯй нагардиданд.

Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи довталабон тавсия медиҳем, ки бо маълумоти омории рафти бақайдгирӣ, ки дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/imd/hisoboti-davri.html) ҷойгир карда шудааст, шинос шуда, дар сурати зарурат ва хоҳиш доштан, интихобҳои аввалияи худро дар давраи азнавбақайдгирӣ, ки аз 16-ум то 30-юми апрел баргузор мегардад, иваз намоянд. Ба шахсони барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ худро номнавискунанда низ тавсия медиҳем, ки аввал бо маълумоти омории зикршуда шинос шуда, ҳангоми интихоби гурӯҳ ва комбинатсияи ихтисосҳо донишу маҳорати худ, ҷойҳои ҷудошуда дар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи нақшаи қабул ва талаботи бозори меҳнатро ба эътибор гиранд.

Тибқи маълумоти омории аз 1-уми март то 10-уми апрели соли 2021 ҷамъоваришуда интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чунин аст:

 

Р.т.

Рамз ва номи ихтисос

Шакли таҳсил

Намуди таҳсил

Нақшаи қабул

Шумораи интихобҳо

1.

1790101 - Кори табобатӣ

рӯзона

ройгон

285

15020

2.

1790101 - Кори табобатӣ

рӯзона

пулакӣ

575

7361

3.

1790102 - Педиатрия

рӯзона

ройгон

50

11221

4.

1790102 - Педиатрия

рӯзона

пулакӣ

57

6641

5.

1790107 - Стоматология

рӯзона

пулакӣ

100

4996

6.

1790108 - Фарматсия

рӯзона

пулакӣ

70

4210

7.

1790103 - Эпидемиология, гигиена ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

рӯзона

ройгон

65

4443

8.

1790103 - Эпидемиология, гигиена ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

рӯзона

пулакӣ

27

2726

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Роҳнамои довталаб - 2022Роҳнамои довталаб - 2022
  • Ҳисоботи оморӣ оид ба рафти бақайдгирӣҲисоботи оморӣ оид ба рафти бақайдгирӣ
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2022Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2022
  • Барқарор кардани рамзи хизматрасонии "Худро бисанҷ"Барқарор кардани рамзи хизматрасонии "Худро бисанҷ"

Мақолаҳо

Ғуруби ахтари пурфурӯғ

Муддате буд, ки чунин тӯлонӣ ва бетаваққуф борон наборида буд. Гӯӣ, осмонро низ фарзанди азизаш фавтида буду бар марги ҷигаргӯшаю парвардаи хеш талху боалам мегиряд...

 

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2022 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон