Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ТАМДИДИ МУҲЛАТИ БАҚАЙДГИРӢ ВА ОҒОЗИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ

Нашр шуд: 13 Апрели 2020
Диданд: 1047

ЭЪЛОН

ТАМДИДИ МУҲЛАТИ БАҚАЙДГИРӢ ВА ОҒОЗИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ

 

Душанбе, 13-уми апрели соли 2020

Ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонем, ки бинобар то кунун зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) то 30-юми апрел тамдид карда шуд.

Инчунин, тибқи муҳлати муқарраршуда аз 16-ум то 30-юми апрел марҳалаи асосии азнавбақайдгирии довталабон ҷараён мегирад, яъне дар ин давра равандҳои бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ ҳамзамон ба роҳ монда мешавад.

Довталабоне, ки аз қайд гузаштаанду хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввала (аз ҷумла гурӯҳи ихтисосҳо, комбинатсияи ихтисосҳо, бартарии интихоби комбинатсияи ихтисосҳо, забон ё макони имтиҳонсупорӣ), маълумоти шахсии худро доранд, бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он сабти ном шуда буданд, муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо);

2) варақаи бақайдгирии марҳалаи асосии бақайдгирӣ;

3) расиди пардохти маблағи иловагӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”.

 

Таъкид бояд кард, ки тибқи маълумоти омории рафти бақайдгирии довталабон дар ИМД-2020 аз 2-юми март то 11-уми апрел шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии номнависшуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) 137,1 %, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) 136,1 %, ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) 113,5 %-ро аз нақшаи қабули ҳар яке аз ин гурӯҳҳо ташкил медиҳад. Шумораи довталабони бақайдгирифташуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳамагӣ 60,64 % ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) 79,05 %-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи гурӯҳҳои ихтисосҳои 5-ум, 4-ум ва 3-юм хеле кам аст.

 

Лозим ба зикр аст, ки тибқи маълумоти оморӣ аз ИМД-2019 (бо дарназардошти ду марҳалаи бақайдгирӣ) аз рӯйи таносуби калонтарини шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум дар ҷойи 1-ум (нисбат ба нақшаи қабул 175,3 %), гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум дар ҷойи 2-юм (нисбат ба нақшаи қабул 170,6 %) ва гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм дар ҷойи 3-юм (нисбат ба нақшаи қабул 151,9 %) буд. Ҳамчунин, таносуби хурдтарини шумораи довталабон ва ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (нисбат ба нақшаи қабул 79,6 %) ва гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (нисбат ба нақшаи қабул 102,1 %) буд. Вобаста ба ин, соли 2019-ум аз шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар имтиҳонҳо иштироккарда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум 11141 нафар (36,8 %), дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум 2902 нафар (35,2 %) ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм 4841 нафар (26,4 %)-ашон бинобар роҳ наёфтан ба озмуни тақсимот ё гирифтани балҳои паст сазовори номи донишҷӯй шуда натавонистанд, ки ин ҳиссаи хеле зиёд аст. Дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум танҳо 2067 нафар (13,8 %) ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм 2155 нафар (13,2 %)-ашон аз шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар имтиҳонҳо иштироккарда донишҷӯй шуда натавонистаанд, ки ин нисбат ба ҳиссаи довталабони комёбнашудаи гурӯҳҳои ихтисосҳои 4-ум ва 5-ум хеле кам аст. Бинобар ин, дар ИМД-2019 қариб ҳамаи довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум ва 2-юмро интихобкарда, ки холҳои гузариши фанниро ба даст оварда буданд, дар озмуни тақсимот комёб шуда, донишҷӯй гардиданд. Баръакс, аксари довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 4-ум ва 5-умро интихобкарда, ки холҳои гузариши фанниро ба даст оварда буданд, ҳатто бо холҳои баланд балҳои гузаришро соҳиб нашуда, донишҷӯй нагардиданд.

 

Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи довталабон тавсия медиҳем, ки бо маълумоти омории рафти бақайдгирӣ, ки дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/imd-1/hisobotho/821-hisobothoi-omori.html) ҷойгир карда шудааст, шинос шуда, дар сурати зарурат ва хоҳиш доштан, интихобҳои аввалияи худро дар давраи азнавбақайдгирӣ иваз намоянд. Ба шахсони барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ худро номнавискунанда низ тавсия медиҳем, ки аввал бо маълумоти омории зикршуда шинос шуда, ҳангоми интихоби гурӯҳ ва комбинатсияи ихтисосҳо донишу маҳорати худ, ҷойҳои ҷудошуда дар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи нақшаи қабул ва талаботи бозори меҳнатро ба эътибор гиранд.

 

Тибқи маълумоти омории то 31.03.2020 ҷамъоваришуда нишондиҳандаи баландтарини озмун барои 1 ҷой аз рӯйи интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо дар ИМД-2020 чунин аст:

 

iki2020

shbd2020

ozb92020

shbd92020

 

ТАВАҶҶУҲ! Агар довталаб дар яке аз нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ аз қайд гузашта бошад, бояд ба нуқтаи бақайдгирии дахлдор (рӯйхаташон дар сомонаи Марказ ҷойгир гардидааст), муроҷиат намояд.

Хотиррасон менамоем, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои даври 1-уми азнавбақайдгирӣ 25 (бисту панҷ) сомонӣ муқаррар карда шудааст. Ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола, инчунин маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”-е, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, аз пардохти маблағи мазкур озоданд.

 

Рақамҳои телефонҳо барои тамос: 224 53 67, 224 53 73, 224 53 66.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон