Душанбе, 1-уми июли соли 2023
Ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2023 расонида мешавад, ки муҳлати давраи дуюми бақайдгирии довталабон бо дарназардошти имкониятҳои Марказ дар шаҳри Душанбе то 1-уми июл тамдид карда шуд. Инчунин, довталабоне, ки интихобҳои аввалияи худро иваз кардан мехоҳанд, метавонанд дар дар шаҳри Душанбе давоми ҳамин рӯз аз нав аз қайд гузаранд.
Имрӯз бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон дар дафтари асосии Марказ (шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 192) гузаронида мешавад. Телефон барои дарёфти маълумоти муфассал дар бораи бақайдгирӣ – 224 53 68.