Душанбе, 16-уми июни соли 2022
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки барои иштирок дар озмуни дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонад, ки муҳлати бақайдгирӣ барои иштирок дар ин озмун то 20-уми июн дароз карда шуд.
Вобаста ба ин, ба таваҷҷуҳи довталабони озмуни дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон”, яъне шахсони аллакай номнависшуда мерасонем, ки таърихи баргузории даври аввали озмуни мазкур баъд аз 20‑уми июн муайян карда мешавад.
Дар бораи замон ва макони баргузории даври аввали ин озмун ба ҳар як довталаб тавассути телефоне, ки рақами онро дар вақти номнависӣ пешниҳод кардааст, Марказ баъдан хабар хоҳад дод.
Хотиррасон мекунем, ки озмуни мазкур барои қабули донишҷӯён аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳое, ки рӯйхати онҳо низ дар зер оварда шудааст, баргузор карда мешавад. Ғолибони озмун аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон дар донишгоҳҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон таҳсил хоҳанд кард.
Даври аввали озмунро ҷиҳати дарёфти Стипендияи мазкур барои дараҷаи бакалавр ва мутахассис Марказ дар шакли тест, ки субтест (фан)-ҳои он аз гурӯҳи ихтисосҳо вобаста аст, ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор мекунад.
Инчунин, дар даври дигари озмун, ки ба он танҳо довталабони дар даври аввал – аз тест холҳои баландтаринро соҳибшуда роҳ дода мешаванд, суҳбат сурат мегирад.
Дар озмун барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” шаҳрвандони зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд:
- шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- таҳсилкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ (ба истиснои хатмкунандагони ин
муассисаҳо);
- донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии хориҷии мустақилона дохилшуда ё таҳсилкунандагони он,
ки зинаҳои таҳсилоти олии мутахассис ё бакалаврро бори аввал мегиранд.
Барои бақайдгирӣ шахсони хоҳишманд бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
1) ариза ба номи директори Марказ (шакли аризаро Марказ муқаррар кардааст ва он дар Марказ ё яке аз бахшҳои
минтақавии он ба довталаб пешниҳод карда мешавад);
2) анкета (шакли анкетаро Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” муқаррар кардааст ва он дар
Маркази миллии тестӣ ё яке аз бахшҳои минтақавии он ба довталаб пешниҳод карда мешавад);
3) шиносномаи миллӣ бо нусхааш;
4) нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи шаҳодатномаи таваллуд;
5) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум
будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан
(барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунандаи гурӯҳи
таҳсилаш пулакӣ будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ);
- нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои онҳое,
ки синфи 11-умро хатм кардаанд);
- нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое,
ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);
- нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки
муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд).
6) маълумотномаи тиббии шакли 086 ё 038 ва ВИЧ СПИД;
7) маълумотномаҳо аз диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ;
8) сертификати забонҳои хориҷӣ (TOEFL/IELTS, HSK ва ғайра (агар довталаб дошта бошад);
9) нусхаи ҳуҷҷат дар бораи дастовардҳои довталаб (дипломи дараҷаи 1, 2, 3, сертификат, медал, ифтихорнома ва ғайра, агар
довталаб дошта бошад);
10) мактуби тавсиявӣ бо имзои роҳбари муассисаи таълимие, ки довталаб дар он таҳсил кардааст;
11) маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
12) нусхаи шиносномаҳои падару модар;
13) маълумотнома аз ҷойи кори падару модар (дар ҳолати муваққатан бекор будани волидайн аз шуъбаи шуғли аҳолии
ҷойи истиқомат пешниҳод намудани маълумотнома);
14) 4 дона расми рангаи андозааш 3х4 см;
15) маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ.
Шахсони дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ мустақилона дохилшуда ё таҳсилкунанда, ки зинаҳои таҳсилоти олии касбии мутахассис ё бакалаврро бори аввал мегиранд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро дар хусуси қабул шудан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, инчунин дар бораи таҳсили муваффақона, ки муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ тасдиқ кардааст, пешниҳод менамоянд.
ТАВАҶҶУҲ! Аз довталабони аллакай номнависшудаи озмуни дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки тибқи талаботи дар ин эълон нишондода барои пурра кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар парвандаҳо ба нуқтаҳои бақайдгирие, ки қаблан дар он номнавис шудаанд, муроҷиат кунанд. Довталабони мазкур барои маълумоти иловагӣ метавонанд тавассути рақамҳои телефони дар зер нишондода бо шахсони масъул дар тамос шаванд.
Рӯйхати ихтисосҳо барои озмуни дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон”
Р/т |
Рамз ва номи ихтисос* |
Гурӯҳи ихтисосҳо |
БАКАЛАВР |
||
1 |
1-030306 – “Сурдопедагогика – информатика” |
3 |
2 |
560202 – “Геодезияи муҳандисӣ, маркшейдерӣ ва харитасозӣ” |
1 |
3 |
94.01.01 – “Огоҳкунӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода” |
1 |
4 |
1-53010105 – “Автоматонии равандҳои технологӣ дар истеҳсолот (саноати сабук)” |
1 |
5 |
1-30030301 – “Математикаи амалӣ” |
1 |
6 |
11.03.01 – “Тарҳрезӣ ва лоиҳакашии компютерии воситаҳои радиоэлектроника” |
1 |
7 |
54.03.01 – “3D-дизайнер, веб-дизайнер, дизайнер-техник дар соҳаи саноати сабук” |
1 |
8 |
22509 – “Физик-механик” |
1 |
9 |
22491 – “Инженер-конструктор” |
1 |
10 |
130304 – “Геофизики соҳаи нафту газ” |
1 |
11 |
55.05.01 – “Коргардон-барномасози чандрасонаӣ (Режиссёр анимации и компьютерной графики – мультимедиа)” |
3 |
12 |
1-5090104 – “Ҳифзи комплекси объектҳои иттилоотонӣ” |
1 |
13 |
130504 – “Пармакунии чоҳҳои нафт ва газ” |
1 |
14 |
270112 – “Муҳандис оид ба обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов” |
1 |
15 |
15.004 – “Мутахассис оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об” |
1 |
16 |
20.03.01 – “Экотаҳлилгар дар сохтмон” |
1 |
17 |
26058 – “Филмноманавис” |
3 |
18 |
260588 – “Наворбардори филмҳои ҳунарию мустанад” |
3 |
19 |
16611 – “Пиротехник” |
1 |
МУТАХАССИС |
||
1 |
130306 – “Геохимияи амалӣ, минералогия ва петрология” |
5 |
2 |
130201 – “Усулҳои геофизикии ҷустуҷӯй ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок” |
1 |
3 |
2.13.02.06 – “Муҳандис дар соҳаи ҳимояи релегӣ ва автоматика” |
1 |
4 |
44744 – “Системаҳои автоматикунонии лоиҳакашӣ” |
1 |
5 |
3.31.08.59 – “Офталмолог барои гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳии ретиналӣ, ҷарроҳии пластикии чашм” |
5 |
6 |
31.08.39 – “Духтури варзишӣ” |
5 |
7 |
3.31.08.22 – “Психотерапевт” |
5 |
*барои ҳар яке аз ихтисосҳо 1-ҷойӣ пешбинӣ гардидааст.
Фанҳои имтиҳонӣ вобаста ба гурӯҳҳои ихтисосҳо
Гурӯҳи ихтисосҳо |
Субтестҳо (фанҳои имтиҳонӣ) |
||||
1 |
2 |
3 |
4 |
||
1 |
Табиӣ-техникӣ |
Математика |
Химия |
Физика |
Забони англисӣ |
3 |
Филология, педагогика ва санъат |
Таърих |
Забони тоҷикӣ/русӣ* |
Адабиёти тоҷик/рус** |
Забони англисӣ |
5 |
Тиб, биология ва варзиш |
Биология |
Химия |
Физика |
Забони англисӣ |
* Барои довталабони забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ – имтиҳон аз забони тоҷикӣ ва барои довталабони забони имтиҳонсупориашон русӣ – имтиҳон аз забони русӣ.
** Барои довталабони забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ – имтиҳон аз адабиёти тоҷик ва барои довталабони забони имтиҳонсупориашон русӣ – имтиҳон аз адабиёти рус.
Нишонии нуқтаҳои бақайдгирӣ
1. Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 192;
- телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67.
2. Хоруғ: бахши минтақавии Марказ:
- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 12;
- телефон: 915 20 72 29.
3. Рашт: бахши минтақавии Марказ:
- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;
- телефон: (+992 3131) 2 15 78.
4. Хуҷанд: бахши минтақавии Марказ:
- вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5;
- телефон: 926 44 11 48.
5. Панҷакент: бахши минтақавии Марказ:
- вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;
- телефон: (+992 3222) 5 50 51.
6. Бохтар: бахши минтақавии Марказ:
- вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Борбад, 13;
- телефон: (+992 3222) 3 05 41.
7. Кӯлоб: бахши минтақавии Марказ:
- вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26;
- телефон: 915 57 90 77.
8. Данғара: бахши минтақавии Марказ:
- вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32;
- телефон: (+992 3312) 2 17 86.