Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Нашр шуд: 20 Марти 2024
Диданд: 26458

Душанбе, 20-уми марти соли 2024

20-уми марти соли 2024 дар толори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки кормандони Марказ ва бахшҳои минтақавӣ (бархат) ҷамъомади идона баргузор шуд

Ҷаъфарзода Сабзалӣ, директори Марказ, кормандонро бо фарорасии ҷашни қадимаи Наврӯз ва эҳёи табиат шодбош гуфта, ёдоварӣ аз он кард, ки маҳз бо заҳмату талошҳо ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва ин баёнгари он аст, ки миллати тоҷик аз замони бостон то имрӯз бо хулуси ният ва ормони олӣ падидоварандаи ҷашне будааст, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат, хираду заковат, ростию адолат ва кӯшоиву меҳнат меорад.

Ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё гардидани Наврӯз дар Тоҷикистон, шукӯҳи тоза пайдо кардану ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфтан ва болотар аз ин, мақоми ҷаҳонӣ гирифтани он ҳам гувоҳи азамати Наврӯз асту ҳам нишони бузургии миллати тамаддунсози тоҷик. Ин ҷашни куҳан сол то сол нуфузи бештар касб карда истодааст, – афзуд дар идомаи суханаш директори Марказ.

Наврӯз, чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат аст, ки гардише дар руҳу ҷони одамон падид меоварад”. Наврӯз на танҳо иди баҳору зебоӣ, оғози соли нави аҷдодӣ, балки тарғибгари суннатҳои воло ва фарҳанги ғании ниёгонамон низ мебошад, чунки маҳз суннатҳои ахлоқӣ ва фарҳанги таърихии халқ, ҳикмату қудрати Наврӯз халқи моро дар марҳалаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ватандӯстдорӣ ҳидоят мекунад, – тазаккур дод Ҷаъфарзода С.

Дар ҷаласаи идона чанде аз кормандони Марказ дар бораи таърихи ҷашни Наврӯз, аҳаммияти фарҳангию иҷтимоию таърихию миллӣ, анъанаҳои неки ин иди миллии тоҷикон ва паҳлуҳои дигари он изҳори андеша карданд.

Дар охир ба як қатор кормандони Марказ сипоснома тақдим гардид.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон