Душанбе, 8‑уми сентябри соли 2022
Ҳамватанони азиз!
Истиқлолияти давлатӣ барои халқи фарҳангофару мутамаддини мо бузургтарину боарзиштарин неъмат, мояи ифтихору иззат ва шарофату саодат, манбаи худогаҳию худшиносӣ, сабаби бақои асолату ҳувият ва мояи ифтихор ҳисоб меёбад.
Ба баракати саъю талоши пайваста ва меҳнатдӯстии фарзандони сарсупурдаю фарзонаи миллат дар даврони истиқлолият таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварду комёбиҳои зиёде ба ҳамаи соҳаҳои кишвар, аз ҷумла соҳаи маориф, насиб гардид. Яке аз чунин дастовардҳо дар соҳаи маориф таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ шудани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ аст. Муассисае ташкил гардид, ки он дар пояи низоми миллии тестӣ қудрати роҳандозӣ намудани имтиҳонҳои муътамаду боварибахшро дошта, ҳамчун татбиқгари абзори боарзиши миллии маориф фаъолият мекунад.
Истиқлолият дар Тоҷикистон, ки рамзи озодӣ ва муқаддастарин муваффақияти давлату халқи тоҷик ба шумор меравад, дар тӯли солҳо ташаккул ёфт. Моро зарур аст, ки баҳри ободию суботи ҷомеа, ваҳдату ягонагии миллати тоҷик ва ифтихормандӣ аз ин неъмати бебаҳо, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Прездиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳмгузор бошем.
31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо – ҳамватанони гиромӣ аз самими қалб табрику танҳият гуфта, бароятон тансиҳатию хотирҷамъӣ, сарафрозию осударӯзгорӣ ва ғановати моддию маънавӣ ва барои кишвари азизамон амнияту ваҳдати устувор, шукуфоиву тараққии рӯзафзун таманно дорам.
Бо эҳтироми самимӣ,
директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ