Ҳамватанони азиз!
Ватандор будан, соҳиби давлати озоду худмухтор будан барои ҳар халқу миллате иқболи бузург аст. Халқи шарифи тоҷик ва умуман, мардуми сарбаланди шарафманди Тоҷикистон аз ин неъмату аз ин иқбол бархурдор аст.
Миллати озодаю хирадҷавҳару соҳибшони мо кунун 32 сол аст, ки ком аз самари шаҳдрези ниҳоли истиқлол ширин месозад. 32 сол муқаддам – 9-уми сентябри соли 1991 санади сарнавиштсози миллату давлат – Эъломияи истиқлолияти давлатии кишвари азизамон пазируфта шуд ва оғози эъмори ҷомеаи навини озоду дунявию демократӣ гардид. Сарфи назар аз он, ки ин фосилаи таърихӣ тӯлонӣ нест, дар ин муддат мамлакату давлати мо – тоҷикон дастовардҳои моддию маънавии пурарзишу шоёну назаррасро доро шуд.
Ҳарчанд ки дар ин муддат мо гоҳо талхиҳоро низ чашидем, ҳоло аз шарофати он рӯзу рӯзгори ширину бофароғат дорем. Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва сулҳу ваҳдати бадастомада ҷомеаи барӯманди кишвари маҳбубамон ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ даст зад ва имрӯз аз шукуфоию ободӣ, пешравии ҳамаҷонибаи кишвараш ва саодату пирӯзии худ, ки самараи ҷаҳду талошаш аст, меболад.
Истиқлоли давлатӣ пурарзиштарин ва муқаддасу волотарин дастоварди давлату миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Таъмини сулҳу оромию амнияти ҷомеаи мамлакат ва суботи сиёсии кишвар, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, эълони дарҳои боз, яъне сиёсати «дарҳои кушода» барои кишварҳои олам, пайдо кардани мавқеи намоён дар арсаи равобити байналмилалӣ ва ба таври рӯзафзун мақому нуфузи худро дар ҷаҳон боло бурдан аз ҷумлаи дастовардҳоест, ки маҳз бар асари истиқлоли давлатӣ ба даст омадааст. Болотар аз ҳамаи ин, ширкати фаъолона доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили минтақавию байналмилалӣ ва нақши бориз доштанаш дар созмонҳои бонуфузтарини ҷаҳонӣ баёнгари шуҳрат ва қудрати кишвару давлати мо дар ҷаҳони муосир аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо ҳамаи кишварҳо муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд дошта, чунин сиёсаташро густариш медиҳад ва овозаш, ҳарфаш дар минбарҳои созмону ниҳодҳои воломақоми дунё вазн дорад.
Мо дар остонаи ин ҷашни бузурги миллию давлатӣ қарор дорем ва баробари пеши рӯ ва дар зеҳнамон овардани кулли комёбию дастовардҳои беназири давлатию миллии даврони истиқлоли кишвар як шахсро, қабл аз ҳама, ба назар меорем. Ин шахс Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз таҳти сарварию роҳбарию роҳнамоии ин фарзанди бузурги миллат истиқлоли давлатие, ки мамлакат ба даст овард, самару натиҷаҳои назаррасу шоён дод. Маҳз ба шарофати ин истиқлол ва ваҳдату иттиҳоду ҳамдилию якмаромии миллат мо дар фазои сулҳу дӯстӣ ҳар сол Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизро таҷлил мекунем.
Таҳти роҳбарӣ ва бо талошҳои ҷонфидоёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағйироту таҳаввулоти куллӣ дар сохтори фарҳангию сиёсию маданӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва низоми давлатдорӣ ба амал омада, барои рушду нумуи муназзаму мунтазами соҳаҳои мухталиф шароиту заминаҳои созгор фароҳам оварда шуд. Аз он ҷумла, ба шарофати истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат соҳаи маориф самти афзалиятнок эълон гардида, барои рушду равнақи ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи хосса зоҳир ва шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад. Дар таҷдиду такмили соҳаи маориф иқдомоти мушаххас гузошта, кору тадбирҳои назаррас роҳандозӣ шуд. Дар робита ба ин метавон, ба унвони мисол, таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишора кард.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун яке аз дастовардҳои намоёни замони соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, маҳз бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, аз лиҳози тобеияти идорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Марказ дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, мекӯшад, бовару эътимодеро, ки роҳбарияти олии кишвар ва ҷомеа бар он дорад, сазовор бошад ва рисолаташро бе каму кост ба иҷро расонад. Маркази миллии тестӣ дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз ҷумла зимни суханрониашон дар Рӯзи дониш, ки 9-уми сентябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Хатлон сурат гирифт, роҳнамою дастурамали худ қарор хоҳад дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханрониашон, аз ҷумла қайд карданд, ки “Ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта, насли ояндасози кишвар бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани хеш, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода карда шавад”.
Вобаста ба ин, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари фаъолияти пурсамараш, шаффофу одилона баргузор кардани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва ғайра, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монандро дар ИМД роҳ надода, барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар раванди ин имтиҳонҳо бо камоли масъулият тамоми тадбирҳои заруриро андешиданаш мекӯшад, ки ба сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ низ таъсири мусбат расонад. Дар ҳамин робита Марказ пайваста барои тарғибу ташвиқи бештари донишандӯзӣ ва ҳавасмандсозии наврасону ҷавонон, ки яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот аст, саъй мекунад. Бо ҳамин мақсад ҳар сол даҳгонаи беҳтарини довталабонро дар ИМД, ки аз рӯйи дастовардҳо – холҳои бадастовардаашон дар ҷойи аввал қарор мегиранд, инчунин беҳтаринҳоро дар доираи фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва риёзӣ муайян ва дар маросими махсуси ифтихорӣ арҷгузорӣ менамояд.
Марказ, инчунин, дар асоси маълумоти оморӣ – натиҷаҳои бадастовардаи довталабон дар ИМД ба ҳукуматҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод мекунад, ки ин низ барои натиҷагирӣ кардан аз рӯйи он ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот мусоидат мекунад.
Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддин, саодат, озодӣ ва худшиносиву худогоҳии ҳар миллати соҳибфарҳанг, аз ҷумла тоҷикон, маҳсуб меёбад. Имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки ин неъмати бузургро қадрдонӣ намуда, онро волотарин неъмати зиндагӣ дониста, баробари ифтихор кардан аз давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро барои ҳифзи ин истиқлол ва боз ҳам рушду нумуъ бахшидани кишвару давлатамон равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем.
Ин иди хуррамӣ, ин ҷашни ободӣ, ин фараҳу шодиро ба ҳамаи шумо самимона табрику таҳният мегӯям ва барои ҳар якатон саломатӣ, хушбахтӣ, осоиштагӣ ва барои кишвари азизамон амну офияти устувор, тараққии рӯзафзун орзумандам. Хоҳони онам, ки сулҳу осоиши кишвари азизи мо ҷовидон бошад ва халқи шарифи тоҷик абадан дар зери осмони мусаффо зиндагӣ кунад, давлату мамлакати тоҷикон бо дастоварду пешрафтҳои азим оламшумул шавад.
Бузургтарин ва бошукӯҳтарин ҷашни миллат – 32-юмин соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод, ҳамватанони гиромӣ!