Душанбе, 13 августи соли 2014
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабоне, ки холҳои гузариши фанниро аз ҳамаи субтестҳо ба даст овардаанд, мерасонад, ки натиҷаҳои озмуни тақсимот ба ихтисосҳои интихобкарда 15 август эълон карда мешавад. Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимот ба ин ё он ихтисоси интихобкардаашон тақсим карда мешаванд, бояд на дертар аз 25 август ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дахлдор ҳозир шуда, ба комисияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб ба МТОК, довталабро зарур аст, ки сари вақт то 25 август МТОК-ро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.
Ёдрас менамоем, ки 15 август рӯйхати довталабони тибқи натиҷаҳои озмун ба ихтисосҳо тақсимшуда ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод мегарданд.
Тибқи тартиби муқарраргардида дар сурати сари вақт то 25 август ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ довталаб аз ҳуқуқи қабул шудан ба ихтисоси тақсимшуда маҳрум мегардад ва ҷойҳои аз ин ҳисоб холимонда барои тақсимоти такрорӣ эълон карда мешаванд. Шурӯъ аз 26 август барои тақсимоти такрории довталабоне, ки холҳои гузариши фанниро аз ҳамаи субтестҳо ба даст овардаанду лекин тибқи озмун ба ихтисосҳои интихобкардаашон тақсим нашудаанд, ба ҷойҳое, ки бо сабаби ҳозир нашудани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи рӯйхати тақсимот холӣ мемонанд, бо назардошти хоҳиши довталабон азнавбақайдгирӣ гузаронида мешавад. Довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ ба ин ё он ихтисоси интихобнамудаашон тақсим шуданд, ҳуқуқи иштирок дар тақсимоти такрориро надоранд.
Тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 16/4 аз 31 июли соли 2014 дар ҳолати дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ холӣ мондани ҷойҳои ҷудошудаи нақшавӣ баъди тақсимоти асосӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳони умумии қисми А (забони тоҷикӣ, математика, таърихи ҳалқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ) новобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо) тақсимоти такрории довталабони хоҳишманди аз ҳамаи субтестҳои имтиҳони қисми А ва Б холи гузаришро бадастоварда гузаронида мешавад. Тибқи тартиби муқарраргардида довталаб барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ метавонад то 10 ихтисоси дорои ҷойҳои холиро танҳо дар доираи як кластер (гурӯҳи ихтисосҳо) интихоб намояд.
Дар бораи натиҷаҳои тақсимот ҳар як довталаби холҳои гузариши фанниро бадастоварда метавонад 15 август бо истифода аз ҳуҷраи инфиродии худ иттилоъ пайдо кунад. Мувофиқи нақша довталабон метавонанд бо натиҷаҳои тақсимот ба ихтисосҳо тавассути паёмак (SMS) низ шинос шаванд (маълумоти муфассал дар ин хусус баъдан пахш хоҳад шуд).
Тақсимоти довталабон бо назардошти баллҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути Системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад.
Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довтабалони тақсимшуда ба ихтисосҳои интихобкарда бояд ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:
1. ариза ба номи ректор;
2. ҳуҷҷат дар бораи маълумот ё диплом (нусхаи аслӣ) (дар бораи таҳсилоти ибтидоии мусиқӣ ё миёнаи махсуси мусиқӣ барои довталабони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов);
3. маълумотномаи тиббӣ (шакли 086-у);
4. 6 адад сурат (андозаи 3х4см);
5. маълумотнома аз ҷойи зист;
6. шиноснома (асл) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки аз тарафи сохтори ваколатдори давлатӣ дода шудааст;
7. билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
8. нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад).