Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ

Нашр шуд: 12 Апрели 2018
Диданд: 2295

Душанбе, 12-уми апрели соли 2018

Ба диққати довталабоне, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои олӣ аз рӯйи низоми фосилавӣ таҳсил кунанд, мерасонем, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми майи соли 2017, №7/35 “Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардидааст. Маълумоти муфассалро дар бораи раванди таълим тибқи таҳсили фосилавӣ аз низомномаи мазкур дастрас кардан мумкин аст.

Лозим ба қайд аст, ки вобаста аз муомилаи ба низом даровардашудаи таълимдиҳанда (омӯзгор) ва таълимгиранда (донишҷӯй) дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ шаклҳои зерини таҳсил пешбинӣ гардидааст:

– рӯзона – шакли маъмултарини гирифтани маълумоти касбӣ, ки донишҷӯй дар он ҳар рӯз (ба ғайри рӯзҳои истироҳат) дар давоми нимсола (семестр)-ҳо дар лексияву семинарҳо иштирок карда, сипас имтиҳонҳои дахлдорро месупорад.

– шабона – таҳсил дар нимаи дуюми рӯз. Ин шакли таҳсил ба таҳсили рӯзона хеле наздик буда, ба коллеҷҳои тиббӣ хос аст.

– ғоибона – шакли нисбатан мустақилонаи таҳсил, ки дар он донишҷӯй дар муҳлати муайян ба муассисаи таълимӣ ҳозир шуда, вазифаҳояшро мегирад, бо рӯйхати адабиёт шинос мешавад, ҳаҷми зиёди корҳо (маводи дарсӣ)-ро мустақилона анҷом медиҳад ва сипас санҷишу имтиҳонҳоро месупорад.

– фосилавӣ – яке аз шаклҳои таҳсили ғоибона, ки дар он донишҷӯй бо омӯзгор дар фосилаи аз якдигар дур ба воситаи хизматрасониҳои шабакаи Интернет: низомҳои махсуси таҳсили фосилавӣ, почтаи электронӣ, гуфтугӯйҳо (чатҳо), видео-конфронсҳо ва ғайра муомила мекунад.

Амалӣ гардонидани низоми таҳсилоти фосилавӣ қонеъ намудани талабот ва ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсилот мебошад. Аз ҳисоби ташкили васоити зудамали таълимӣ ва имконияти новобаста аз макони воқеъ будани донишҷӯ ва омӯзгор, тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ташкил намудани раванди омӯзиш, бо нигоҳдории сифати он, сатҳи нави дастрас будани таълимро таъмин менамояд.

Таълим бо истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ мувофиқи талаботи нақшаю барномаҳои таълимӣ, ки онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, ба роҳ монда мешавад.

Технологияи таҳсилоти фосилавӣ ва дастрас гардонидани манбаъҳои иттилоотии электронӣ бо истифодаи технологияҳои ҳозиразамони иттилоотию коммуникатсионӣ ва моҳворавӣ амалӣ гардонида мешавад.

Ташкили ҷараёни таълим бо истифодаи усулҳои навтарини тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олии гуманитарӣ ва техникӣ, аз ҷумла, дар ихтисосҳои информатика ва техникаи ҳисоббарор, менеҷмент, ҳуқуқ, иқтисод, ки дар дохил ва хориҷи кишвар тайёр карда мешаванд, мусоидат менамояд.

Барои гирифтани маълумоти муфассал метавонед, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

 

Телефонҳо барои тамос:

(37) 223-13-95;

(37) 221-67-13;

(37) 227-45-81.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон