Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Нашр шуд: 05 Октябри 2018
Диданд: 1376

Душанбе, 5-уми октябри соли 2018 

Бо ташаббуси Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Марказ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа забоншиноси маъруф, доктори илмҳои филолгӣ, профессор Баҳриддин Камолиддинов ширкат варзид.

Ба кори ҷаласа Икромӣ Хуршед, директори Марказ, оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард ва оид ба мақому мавқеи забони тоҷикӣ, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар самти забон ва пуштибониаш аз он ҳамчун забони давлатӣ ҳарф зад. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки забони давлатии ҷумҳурии мо забони тоҷикӣ аст. Дар таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҳар яки мову шумо сар карда, то идораю муассиса, кумитаю вазорат ва мақомоти баландпояи давлатӣ бояд саҳмгузор бошанд. Тибқи талаботи қонуни мазкур санадсозию ҳуҷҷатнигорӣ, инчунин коргузорӣ дар ҳама муассисаю идора ва ташкилоту мақомоте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба забони давлатӣ бояд сурат гирад ва дар муросилоту дигар бахшҳои коргузорӣ риояи меъёрҳои забони давлатӣ зарур аст. Ин қонун талаб мекунад, ки тамоми шахсони мансабдор, кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон донандаи забони давлатӣ – тоҷикӣ бошанд. Вале, мутаассифона, воқеият чунин нест, таъкид кард мавсуф.

Сипас директори Марказ суханро ба Камолиддинов Баҳриддин дод. Мазкур бузургии забони форсӣ – тоҷикӣ, ғановати он, нирӯи бузурги илмию адабиёту фарҳангсозӣ доштани онро баён карда, ҳамчунин бо изҳори таассуф қайд кард, ки имрӯз вазъи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қаноатбахш нест. Барои ин мебояд тамоми аҳли ҷомеа дастҷамъона талош варзанд. Ҳар як миллатро дар тамоми ҷаҳон, пеш аз ҳама, бо забонаш мешиносанд ва қадр мекунанд. Забондонӣ омили худшиносӣ ва ҷаҳондонӣ аст. Эҳтироми забон аз донистану омӯхтани он оғоз мегардад. Бинобар ин, ҳар яки моро мебояд баҳри забондонии худ ва фарзандонамон пайваста кӯшиш намоем, таъкид кард Б. Камолиддинов Б.

Пасон дар байни забоншинос ва аҳли ҷамъомад оид ба масъалаҳои гуногун дар атрофи забон суҳбати гуворою судманд сурат гирифт. Ҳозирин ба устод Камолиддинов суолҳо дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон