Душанбе, 2-юми июни соли 2025
Ба диққати шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 мерасонем, ки ба нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии мазкур барои соли таҳсили 2025-2026 тағйирот ворид гардид. Вобаста ба тағйироти баамаломада шумораи ҷойҳо кам ё зиёд гардида, баъзе аз ихтисосҳо аз феҳристҳо хориҷ гардид ва ба феҳристҳо якчанд комбинатсияи ихтисосҳои нав ворид карда шуд. Тағйироти дигари баамаломада ин кам ё зиёд шудани маблағи шартномаи таҳсили баъзе аз ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Азбаски ин тағйиру иловаҳо баъд аз гузоштани феҳристи ихтисосҳо дар сомонаи Марказ сурат гирифтаанд, ба довталабон тавсия медиҳем, ки дар давраи дуюми бақайдгирӣ, ки аз 10 то 30 июн баргузор мегардад, барои интихоби ихтисосҳо аз сомонаи Марказ дастрасбуда истифода намоянд. Ҳамчунин, гунаи чопии феҳристҳо ба ҳар як нуқтаи бақайдгирӣ бо дарназардошти тағйиру иловаҳои зикршуда дастрас карда мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки тағйиротҳо дар ҳамаи гурӯҳи ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи ва олии касбӣ ҷой доранд.
Ба шахсоне, ки комбинатсияҳои ихтисосҳоро бо истифода аз шакли электронии дар сомонаи Марказ ҷой додашуда аллакай интихоб кардаанд, тавсия медиҳем, ки бори дигар интихобҳояшонро бо истифода аз маводди нави дар сомонаи Марказ ҷойдошта муқоиса намоянд.
Рӯйхати
муассисаҳои таълимие, ки дар нақшаи қабули онҳо тағйиротҳо ворид гардиданд
№ |
Муассисаи таълимӣ |
1 |
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
2 |
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон |
3 |
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон |
4 |
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон |
5 |
Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон (ғайридавлатӣ) |
6 |
Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд |
7 |
Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (ғайридавлатӣ) |
8 |
Донишкадаи инноватсионии Душанбе (ғайридавлатӣ) |
9 |
Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон |
10 |
Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон |
11 |
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон |
12 |
Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе |
13 |
Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе |
14 |
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
15 |
Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ |
16 |
Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ |
17 |
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода |
18 |
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор |
19 |
Коллеҷи омӯзгории ба номи М. Турсунзодаи шаҳри Конибодом |
20 |
Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
21 |
Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (ғайридавлатӣ) |
22 |
Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон (ғайридавлатӣ) |
23 |
Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара |
24 |
Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд |
25 |
Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар |
26 |
Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Бохтар (ғайридавлатӣ) |
27 |
Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара |
28 |
Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии ноҳияи Панҷ (ғайридавлатӣ) |
29 |
Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара |
30 |
Коллеҷи тиббии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (ғайридавлатӣ) |
31 |
Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар |
32 |
Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб |
33 |
Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб (ғайридавлатӣ) |
34 |
Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ |
35 |
Коллеҷи тиббии хусусии "Даво"-и шаҳри Бохтар |
36 |
Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик |
37 |
Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Левакант |
38 |
Коллеҷи тиббии ноҳияи Муъминобод (ғайридавлатӣ) |