Душанбе, 11-уми апрели соли 2023
Ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 мерасонем, ки ба нақшаи қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои соли таҳсили 2023-2024 тағйиру иловаҳо ворид гардид. Вобаста ба тағйиру иловаҳои баамаломада шумораи ҷойҳо дар комбинатсияҳои ихтисосҳои ин муассиса, ба истиснои як комбинатсияи ихтисос (1790101 – “Кори табобатӣ”, шакли рӯзонаи таҳсил ва намуди пулакии таҳсил), зиёд гардид.
Нақшаи қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои соли таҳсили 2023-2024
Рамзи ихтисос |
Номи ихтисос |
Шакли таҳсил |
Намуди таҳсил |
Забони таҳсил |
Нақшаи қабули қаблан эълоншуда |
Нақшаи қабули тағйирёфта |
Фарқ, зиёд, кам (-) |
1790101 |
Кори табобатӣ |
рӯзона |
ройгон |
тоҷикӣ, русӣ, англисӣ |
282 |
300 |
18 |
1790101 |
Кори табобатӣ |
рӯзона |
пулакӣ |
тоҷикӣ, русӣ, англисӣ |
1117 |
685 |
- 432 |
1790102 |
Педиатрия |
рӯзона |
ройгон |
тоҷикӣ, русӣ |
50 |
100 |
50 |
1790102 |
Педиатрия |
рӯзона |
пулакӣ |
тоҷикӣ, русӣ |
50 |
130 |
80 |
1790107 |
Стоматология |
рӯзона |
пулакӣ |
тоҷикӣ, русӣ |
119 |
199 |
80 |
1790108 |
Фарматсия |
рӯзона |
пулакӣ |
тоҷикӣ, русӣ |
80 |
230 |
150 |
1790103 |
Эпидемиология, гигиена ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ |
рӯзона |
ройгон |
тоҷикӣ, русӣ |
9 |
70 |
61 |
1790103 |
Эпидемиология, гигиена ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ |
рӯзона |
пулакӣ |
тоҷикӣ, русӣ |
7 |
120 |
113 |
Ҷамъ |
1714 |
1834 |
120 |