Душанбе, 17-уми феврали соли 2022
Ба диққати шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2022 мерасонем, ки ба нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии мазкур барои соли таҳсили 2022-2023 тағйирот ворид гардид.
Вобаста ба тағйироти баамаломада номи баъзе аз муассисаҳои таълимӣ тағйир ёфт, баъзе аз ихтисосҳо аз феҳристҳо хориҷ гардид ва ба феҳристҳо якчанд комбинатсияи ихтисосҳои нав ворид карда шуд. Тағйироти дигари баамаломада кам шудани маблағи шартномаи таҳсил дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо аст.
Инчунин, бояд қайд кард, ки ба низоми ИМД Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (ғайридавлатӣ) ворид карда шуд, ки комбинатсияи ихтисосҳои он низ дар маводди қаблан чопшуда мавҷуд нестанд.
Азбаски ин тағйиру иловаҳо баъд аз чопи дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” сурат гирифтаанд, ба довталабон тавсия медиҳем, ки барои интихоби ихтисосҳо аз феҳристҳое, ки дар шакли чопӣ дар ҳар як нуқтаи бақайдгирӣ дастрас аст, истифода намоянд. Гунаи электронии феҳристҳои комбинатсияҳои ихтисосҳо дар сомонаи Марказ низ бо дарназардошти тағйиру иловаҳои зикршуда ҷой дода шудаанд.
Ба шахсоне, ки комбинатсияҳои ихтисосҳоро бо истифода аз гунаи чопии дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” аллакай интихоб кардаанд, тавсия медиҳем, ки бори дигар интихобҳояшонро бо истифода аз маводди нави нуқтаҳои бақайдгирӣ ё дар сомонаи Марказ ҷойдошта муқоиса намоянд.
Лозим ба қайд аст, ки истифодаи феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳои дар шакли дар сомонаи Марказ ҷойгиршуда (https://stat.ntc.tj/Home/RPlan) дар муқоиса бо ҷадвалҳое, ки солҳои пеш алоҳида барои ҳар зинаи таҳсилот (олии касбӣ ва миёнаи касбӣ) вобаста ба ҳар гурӯҳи ихтисосҳо алоҳида дар қолаби .pdf пешниҳод карда мешуд, хеле осон аст. Дар он 9 унсур (элемент)-и ҷаъбаи таркиб (combobox) барои интихоби (1) гурӯҳи ихтисосҳо, (2) муассисаи таълимӣ, (3) номи ихтисос, (4) шакли таҳсил (вобаста ба нақшаи қабул – рӯзона, шабона, фосилавӣ ё ғоибона), (5) намуди таҳсил (вобаста ба нақшаи қабул – ройгон ё пулакӣ), (6) маблағи таҳсил, (6) забони таҳсил, (7) нақша (шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ҷудогардида), (8) зинаи таҳсил (11 – довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 9 – довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ) ҷой дода шудааст.
Баъди интихоби гурӯҳи ихтисосҳо аз ҷаъбаи таркиби 1-ум, муассисаи таълимӣ аз ҷаъбаи таркиби 2-юм ва маълумоти дигари дахлдор аз ҷаъбаҳои дигар дар ҷадвал, ки аз 10 сутун – (1) “Гурӯҳи ихтисосҳо”, (2) “Муассисаи таълимӣ”, (3) “Рамзи ихтисос”, (4) “Номи ихтисос”, (5) “Шакли таҳсил”, (6) “Намуди таҳсил”, (7) “Маблағи таҳсил”, (8) “Забони таҳсил”, (9) “Нақша”, (10) “Зинаи таҳсил” иборат аст, маълумоти зарурӣ намоиш дода мешавад. Шумораи саҳифаҳои ҷадвал аз шумораи комбинатсияҳои ихтисосҳои ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо ва муассисаи таълимии интихобшуда вобаста аст. Аз ин лиҳоз, агар шумораи комбинатсияҳои ихтисосҳо дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо ва муассисаи таълимии интихобшуда аз 20-то зиёд бошад, барои намоиши саҳифаҳои дигари ҷадвал аз тугма (пайванд)-ҳои интихоби саҳифаи дахлдор, ки дар қисмати поёни ҷадвал ҷойгир аст, истифода кардан лозим аст.
Ихтисос, шакл, намуд
I. Номи муассисаҳои таълимии тағйирёфта:
Р/т |
Номи пешин |
Номи нав |
1 |
Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат |
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон |
2 |
Филиали Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар шаҳри Хуҷанд |
Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд |
3 |
Филиали Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар шаҳри Левакант |
Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант |
II. Ихтисоси 1740206 – “Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ (аз рӯи самтҳо)”, ки тибқи нақша барои он шакли рӯзонаи таҳсил ва намуди ройгону пулакии таҳсил пешбинӣ гардидааст, дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум ба гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум гузаронида шуд.
III. Комбинатсияи ихтисосҳои аз феҳристҳо хориҷкардашуда:
Р/т |
Клас-тер |
Рамз ва номи ихтисос |
Шакли таҳсил |
Намуди таҳсил |
1. Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон |
||||
1.1 |
1 |
131030302 – “Математикаи амалӣ (фаъолияти илмию педагогӣ” |
рӯзона |
ройгон |
1.2 |
2 |
1890101 – “Туризм” |
рӯзона |
ройгон |
1.3 |
2 |
1890101 – “Туризм” |
рӯзона |
пулакӣ |
1.4 |
2 |
1890101 – “Туризм” |
фосилавӣ |
пулакӣ |
1.5 |
3 |
1020302 – “Забон ва адабиёти рус” |
фосилавӣ |
ройгон |
1.6. |
3 |
121060102 – “Забони англисӣ (тарҷума)” |
рӯзона |
ройгон |
1.7 |
3 |
121060102 – “Забони олмонӣ (тарҷума)” |
рӯзона |
ройгон |
1.8 |
3 |
121060102 – “Забони олмонӣ (тарҷума)” |
рӯзона |
пулакӣ |
1.9 |
3 |
121060102 – “Забони хитоӣ (тарҷума)” |
рӯзона |
ройгон |
1.10 |
3 |
121060102 – “Забони хитоӣ (тарҷума)” |
рӯзона |
пулакӣ |
1.11 |
3 |
1230109 – “Рӯзноманигории байналмилалӣ” |
рӯзона |
пулакӣ |
1.12 |
3 |
1230109 – “Рӯзноманигории байналмилалӣ” |
фосилавӣ |
ройгон |
1.13 |
3 |
101010206 – “Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ” |
рӯзона |
пулакӣ |
1.14 |
4 |
121030101 – “Таърих” |
рӯзона |
пулакӣ |
2. Коллеҷи техникӣ-омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ |
||||
2.1 |
1 |
249013101 – “Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми хӯрокаи набототӣ (меваю сабзавот)” |
рӯзона |
ройгон |
2.2 |
1 |
249013101 – “Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми хӯрокаи набототӣ (меваю сабзавот)” |
рӯзона |
пулакӣ |
IV. Комбинатсияи ихтисосҳои ба феҳристҳо воридшуда:
Р/т |
Клас-тер |
Рамз ва номи ихтисос |
Шакли таҳсил |
Намуди таҳсил |
1. Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон |
||||
1.1 |
1 |
1310304 – “Информатика” |
фосилавӣ |
пулакӣ |
1.2 |
1 |
1020501 – “Математика” |
рӯзона |
ройгон |
1.3 |
2 |
1890101 – “Саёҳат ва меҳмондорӣ” |
рӯзона |
ройгон |
1.4 |
2 |
1890101 – “Саёҳат ва меҳмондорӣ” |
рӯзона |
пулакӣ |
1.5 |
2 |
1890101 – “Саёҳат ва меҳмондорӣ” |
фосилавӣ |
пулакӣ |
1.6. |
3 |
123010801 – “Рӯзноманигорӣ” |
фосилавӣ |
пулакӣ |
1.7 |
3 |
121050106 – “Забони хориҷӣ (забони хитоӣ)” |
рӯзона |
ройгон |
1.8 |
3 |
121050106 – “Забони хориҷӣ (забони хитоӣ)” |
рӯзона |
пулакӣ |
1.9 |
3 |
121050106 – “Забони хориҷӣ (забони англисӣ)” |
рӯзона |
ройгон |
1.10 |
3 |
121050106 – “Забони хориҷӣ (забони англисӣ)” |
рӯзона |
пулакӣ |
1.11 |
3 |
121050106 – “Забони хориҷӣ (забони олмонӣ)” |
рӯзона |
пулакӣ |
1.12 |
3 |
1210502 – “Филологияи рус” |
рӯзона |
ройгон |
1.13 |
3 |
1210502 – “Филологияи рус” |
рӯзона |
пулакӣ |
1.14 |
3 |
1210502 – “Филологияи рус” |
фосилавӣ |
ройгон |
1.15 |
3 |
1210502 – “Филологияи рус” |
фосилавӣ |
пулакӣ |
2. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон |
||||
2.1 |
1 |
1400301 – “Зеҳни сунъӣ” |
рӯзона |
ройгон |
2.2 |
1 |
1400301 – “Зеҳни сунъӣ” |
рӯзона |
пулакӣ |
2.3 |
2 |
125010805 – “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат” |
рӯзона |
ройгон |
2.4 |
2 |
125010805 – “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат” |
рӯзона |
пулакӣ |
3. Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
||||
3.1 |
3 |
1020307 – “Забони англисӣ. Забони хитоӣ” |
рӯзона |
ройгон |
3.2 |
3 |
1020307 – “Забони англисӣ. Забони хитоӣ” |
рӯзона |
пулакӣ |
4. Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб |
||||
4.1 |
1 |
1400301 – “Зеҳни сунъӣ” |
рӯзона |
ройгон |
4.2 |
1 |
1400301 – “Зеҳни сунъӣ” |
рӯзона |
пулакӣ |
4.3 |
1 |
140030102 – “Технологияи зеҳнии компютерии ҳифзи иттилоот” |
рӯзона |
ройгон |
4.4 |
1 |
140030102 – “Технологияи зеҳнии компютерии ҳифзи иттилоот” |
рӯзона |
пулакӣ |
4.5 |
1 |
140030104 – “Технологияи зеҳнии компютерии таълими фосилагӣ” |
рӯзона |
ройгон |
4.6. |
1 |
140030104 – “Технологияи зеҳнии компютерии таълими фосилагӣ” |
рӯзона |
пулакӣ |
5. Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (ғайридавлатӣ) |
||||
5.1 |
1 |
153010105 – “Автоматонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот (саноати сабук)” |
рӯзона |
пулакӣ |
5.2 |
1 |
1530102 – “Автоматонии системаҳои коркарди иттилоот” |
рӯзона |
пулакӣ |
5.3 |
1 |
1530102 – “Автоматонии системаҳои коркарди иттилоот” |
фосилавӣ |
пулакӣ |
5.4 |
1 |
102050302 – “Математика. Информатика” |
рӯзона |
пулакӣ |
5.5 |
1 |
102050302 – “Математика. Информатика” |
фосилавӣ |
пулакӣ |
5.6 |
1 |
102050301 – “Математика. Физика” |
рӯзона |
пулакӣ |
5.7 |
1 |
131030302 – “Математикаи амалӣ” |
рӯзона |
пулакӣ |
5.8 |
1 |
102060201 – “Технология. Информатика” |
рӯзона |
пулакӣ |
5.9 |
2 |
102040503 – “География. Иқтисодиёт” |
рӯзона |
пулакӣ |
5.10 |
2 |
125011026 – “Иқтисодиёти рақамӣ” |
рӯзона |
пулакӣ |
5.11 |
2 |
131030602 – “Кибернетикаи иқтисодӣ (технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт)” |
рӯзона |
пулакӣ |
5.12 |
2 |
13103010303 – “Усулҳои математикӣ дар иқтисодиёт” |
рӯзона |
пулакӣ |
5.13 |
5 |
1740205 – “Агрохимия ва хокшиносӣ” |
рӯзона |
пулакӣ |
5.14 |
5 |
1740205 – “Агрохимия ва хокшиносӣ” |
фосилавӣ |
пулакӣ |
5.15 |
5 |
102040401 – “Биология. Химия” |
рӯзона |
пулакӣ |
5.16 |
5 |
102040401 – “Биология. Химия” |
фосилавӣ |
пулакӣ |
5.17 |
5 |
1480201 – “Биотехнология” |
рӯзона |
пулакӣ |
5.18 |
5 |
1740202 – “Селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ” |
рӯзона |
пулакӣ |
5.19 |
5 |
131050101 – “Химия” |
рӯзона |
пулакӣ |
5.20 |
5 |
131050101 – “Химия” |
фосилавӣ |
пулакӣ |
5.21 |
5 |
102040601 – “Химия. Биология” |
рӯзона |
пулакӣ |
5.22 |
5 |
102040601 – “Химия. Биология” |
фосилавӣ |
пулакӣ |
5.23 |
5 |
133010101 – “Экологияи умумӣ” |
рӯзона |
пулакӣ |
6. Коллеҷи техникӣ-омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ |
||||
6.1 |
1 |
249013101 – “Технологияи истеҳсоли анвои нонӣ, макаронӣ ва қаннодӣ” |
рӯзона |
ройгон |
6.2 |
1 |
249013101 – “Технологияи истеҳсоли анвои нонӣ, макаронӣ ва қаннодӣ” |
рӯзона |
пулакӣ |