Душанбе, 7-уми сентябри соли 2023
Ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (ИМД-2023) худро номнавис кардан мехоҳанд, мерасонем, ки дар шаҳри Душанбе боз як нуқтаи бақайдгирии дигар фаъол гардид. Нуқтаи мазкур дар заминаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 80-и ноҳияи Сино (нишонӣ: ноҳияи Сино, кӯчаи Раҳмон Набиев, 234; нуқтаи роҳнамо (ориентир): муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм” (глазной)) ташкил карда шудааст. Вобаста ба ин, шахсони хоҳишманди номнависӣ метавонанд ба ин нуқтаи бақайдгирӣ низ муроҷиат кунанд.
Инчунин, ба таваҷҷуҳи шахсони мазкур ва довталабони дар давраи сеюми бақайдгирӣ аллакай номнависшуда мерасонем, ки шумораи ҷойҳои холӣ аз рӯйи ду ихтисоси зерини Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ зиёд гардид:
Зинаи таҳсил (синфи 9-ум/11-ум) |
Рамзи ихтисос |
Номи ихтисос |
Шакли таҳсил |
Намуди таҳсил |
Забони таҳсил |
Маблағи таҳсил |
Ҷойҳои холии қаблан эълоншуда |
Ҷойҳои холии тағйир-ёфта |
11 |
2790131 |
Кори ҳамширагӣ |
рӯзона |
пулакӣ |
тоҷикӣ |
3159 |
60 |
120 |
9 |
2790131 |
Кори ҳамширагӣ |
рӯзона |
пулакӣ |
тоҷикӣ |
3159 |
- |
105 |
9 |
2790108 |
Кори фарматсевтӣ |
рӯзона |
пулакӣ |
тоҷикӣ |
5199 |
60 |
105 |
Маълумоти муфассалро дар бораи масъалаҳои марбут ба ИМД аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.
Рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва бахшҳои минтақавии Маркази миллии тестӣ ва рақами нуқтаҳои бақайдгирӣ барои сабти номи довталабон ҷиҳати иштирок дар даври сеюми ИМД-2023
Р/т |
Рақами НБ |
Муассисаи таълимӣ/ бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ, ки дар заминаи он НБ ташкил карда мешавад |
||
ном |
нишонӣ |
нуқтаи роҳнамо |
||
Шаҳри Душанбе |
||||
1 |
01/01 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаби ноҳияи Сино |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 59 |
беморхонаи “Қаряи боло”, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” |
2 |
01/02 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100-и ноҳияи Шоҳмансур |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17 |
маркази савдои “Ёқут-2000”, чойхонаи “Вохӯрӣ” (саристгоҳи роҳи оҳан) |
3 |
01/04 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 80-и ноҳияи Сино |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Раҳмон Набиев, 234 |
муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм” (глазной) |
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
||||
4 |
01/03 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Хоҷа Абдулхайрови ноҳияи Рашт |
ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27 |
маркази ноҳия (шаҳраки Ғарм) |
Вилояти Суғд |
||||
5 |
02/01 |
Бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Хуҷанд |
шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 |
муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимӣ, маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат) |
6 |
02/02 |
Бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Панҷакент |
шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105 |
муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 30-и ба номи Исмоили Сомонӣ, тарабхонаи “Обод” |
Вилояти Хатлон |
||||
7 |
03/01 |
Бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Бохтар |
шаҳри Бохтар, кӯчаи А. Расулов, 35 |
муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 4, боғчаи кӯдаконаи № 10, комбинати орд |
8 |
03/02 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Кӯлоб |
шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40 |
боғи фарҳангӣ |
9 |
03/03 |
Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун |
ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 |
шуъбаи маориф |
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
||||
10 |
04/01 |
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев |
шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 28 |
маркази шаҳр |
Ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирӣ бояд пешниҳод карда шаванд
1. Шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо).
2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 9-умро хатм намудаанд);
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм кардаанд);
- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);
- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд).
3. Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл”. Ҳаҷми маблағ ‒ арзиши хизматрасониро Марказ ҳар сол, то оғози давраи бақайдгирӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
4. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад).