Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

Супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз меёбад

Нашр шуд: 13 Июни 2013
Диданд: 963

Душанбе, 13 июни соли 2013 – Аз 15 то 22-юми июни соли ҷорӣ дар доираи Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 марказҳои имтиҳонӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” дар чор минтақаи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд) таъсис дода шудааст, супоридани имтиҳонҳо баргузор мегардад. Барои супоридани имтиҳонҳо 7115 нафар иштирокчиёне иҷозат дода мешаванд, ки дар давраи бақайдгирӣ (аз 15 то 30 апрели соли 2013) барои иштирок дар озмоиши мазкур аз қайд гузаштаанд. Ҳар як иштирокчӣ тибқи нишондодҳои даъватномаи дастрасгардида бо назардошти рӯйхат, макон, замон ва вақти баргузории имтиҳонҳо метавонад ба марказҳои имтиҳонӣ ҳозир шавад. Ҳар як иштирокчӣ аз рӯи ду компонент (компоненти А: имтиҳонҳои тести умумӣ ва хаттӣ (эссе); компоненти Б: имтиҳони тести тахассусӣ) вобаста ба кластери интихобгардида имтиҳон месупорад.

     Маълумотнома: Ҷиҳати амалӣ намудани банди 12 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.01. с.2013 №23 дар бораи аз соли 2014 сар карда, мутамарказ ба роҳ мондани қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва иҷрои фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.01. с. 2013 № 161 оид ба Озмоиши низоми ИМД ба МТОК Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” Низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.

Бо мақсади санҷиши тартиб, расмиёт ва ҷузъиёти низоми нави қабули довталабон Маркази миллии тестӣ дар давоми моҳҳои март-июни соли 2013 дар ҷумҳурӣ ОЗМОИШ-и низоми навро мегузаронад. Дар Озмоиши мазкур хонандагони синфҳои 10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

      Низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ муҷаҳҳаз ба технологияи муосир буда, бо мақсади арзёбии дониш, интихоби одилонаю шаффоф ва таъмини баробарҳуқуқии довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳия гардидааст. Ба Озмоиш 407 тахассус аз 29 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон