Душанбе, 1-уми июни соли 2018
Бинобар қатъ гардидани фаъолияти ширкати хизматрасони ирсоли паёмакҳо (SMS) бо истифода аз рақами кӯтоҳи 1617 аз 1-уми июни соли 2018 хизматрасонии паёмакҳо (SMS)-и пулакӣ муваққатан дастнорас мегардад.
То имрӯз хизматрасонии мазкур бо ирсоли паёмак (матни иборат аз пешванди “p” ва рақами назоратии довталаб (масалан, p9099181104356)) ҷиҳати барқарор кардани рамзи муваққатӣ барои воридшавӣ ба кабинетҳои инфиродӣ истифода мешуд. Мутахассисони Марказ барои ҳалли ин мушкилот чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Вобаста ба барқарор гардидани ин хизматрасонӣ эълон дар ҳамин сомона нашр карда хоҳад шуд.
Бинобар ин, аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки то барқарор гардидани хизматрасонии номбурда кӯшиши аз он истифода карданро накунанд, зеро низом (система) муваққатан имкони коркарди дархостҳои онҳоро надорад.
Хотиррасон мекунем, ки ҷиҳати барқарорсозии рамзи муваққатӣ барои воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ довталабе, ки нишонии почтаи электронии худро дар вақти бақайдгирӣ пешниҳод кардааст, метавонад аз почтаи электрониаш истифода кунад. Агар довталаб нишонии почтаи электрониашро ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳод накарда бошад, барои илова кардани он дар маълумоти бақайдгириаш метавонад ба Марказ ариза пешниҳод намояд. Аризаро метавон тавассути почтаи электронӣ низ фиристод. Почтаи электронии Марказ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.