Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ШИНОСОИИ ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ СОҲАИ МАОРИФ БО ҶАРАЁНИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ

Нашр шуд: 04 Июли 2019
Диданд: 979

Душанбе, 4-уми июли соли 2019

shinosoi maorif_imdИмрӯз бо мақсади шиносоӣ бо вазъи марказҳои имтиҳонӣ ва рафти баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2019 як гурӯҳи иборат аз ҳайати роҳбарияти мақомоти соҳаи маорифи кишвар ба якчанд маркази имтиҳонии воқеъ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе омаданд.Ба ин ҳайат сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдухолиқ, сармутахассиси ин раёсат Насимов Нуридин Исоевич, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин, сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Маҳмадали Нуралӣ ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Одилбекова Лола Қиёбековна дохил буданд.

Шахсони мазкур аввал бо ҳолати ташкил ва ҷараёни имтиҳонҳо шинос шуда, баъдан дар толори муассисаҳои таълимӣ, ки дар заминаи онҳо марказҳои имтиҳонӣ ташкил гардидаанд, бо падару модар ва шахсони дигари довталабонро ҳамроҳикарда суҳбат намуда, ба саволҳои ҳозирон посух доданд. Аз ҷумла, сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Л. қайд кард, ки бо мусоидат ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ сол то сол нисбат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи бештар дода мешавад, ки ҳамасола имкону шароитҳои беҳтаринро ба ихтиёри довталабон вогузоштани Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи ин гуфтаҳост. Мову шуморо, падару модарони азиз, мебояд, ки ба қадри ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат расида, ҳарчи бештар ба донишандӯзии фарзандонамон таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Ҳар заҳмате, ки имрӯз барои фарзанди худ мекашем, самараашро фардо ҳам мову шумо ва ҳам давлату миллат хоҳад дид. Фарзандон ояндасози миллату давлатанд ва месазад, ки баҳри онҳо ҳар нирӯи моддию маънавие, ки дорем, сарф кунем.

Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромӣ Хуршед Икром, аз ҷумла қайд кард, ки шумо, падару модарон, худ шаффофияти баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ шоҳид ҳастед. Таъмини принсипҳои шаффофияту адолат дар баргузории имтиҳонҳои мазкур ва натиҷаи онҳо мароми асосии Марказ ба ҳисоб меравад. Вале, бо вуҷуди ин, дар байни ҷомеа шахсоне низ вомехӯранд, ки аз содагӣ фирефтаи шахсони қаллоб мегарданд. Вазифаи мову шумо аст, ки ба чунин ашхос моҳияти низоми ин имтиҳонҳоро бифаҳмонем, то касе ба ҷуз донишу маҳорат ва малакаю маҳорат ба чизи дигаре умеду такя накунад.

Чанде аз падару модарон низ дар навбати худ изҳори ақида карда, миннатдории худро аз роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон