Душанбе, 25-уми сентябри соли 2026
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсӣ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ) бароибаргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ як чанд талабот муайян шудааст.
Довталаб бояд шартуталаботи барои имтиҳонҳо муқарраршударо, ки дар зер оварда шудааст, риоянамояд:
1. Бо худ оварданиҳуҷҷату ашёи зерин ҳатмист:
- шиноснома ёҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдоридавлатӣ додааст;
- 2 дона ручкаиодии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои борангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад);
Довталаб метавонаддар зарфи шаффоф барои худ оби нӯшокӣ орад.
2. Овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст:
- ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводди иттилоотӣ;
- телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқава ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).
3. Дар рафти имтиҳон қатъиян манъ аст:
- гуфтугӯ, ёрӣ додан, халал расонидан ба ҳамдигар ва(ё) истифода кардан аз ёрии шахсони дигар дар иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ;
- иваз кардани ҷойҳо ва (ё) китобчаҳои тест, варақаҳоиҷавобҳо ва ҳар гуна навиштаҳои ҳамдигар;
- аз ҷой хестан ва ё рафтуомад кардан дар синфхона ва(ё) бе иҷозати маъмури имтиҳон берун баромадан аз он;
- бо худ мавод, восита ва (ё) ашёи тибқи банди 145-и Тартиби мазкурмамнуъро доштан ва (ё) истифода кардан аз онҳо;
- дар варақаи ҷавобҳо, аз ҷумла дар ҳошияҳои он, қайду ишораҳои баимтиҳон ва (ё) варақа дахлнадошта;
- варақаи ҷавобҳо ва (ё) маводди дигари бароибаргузории имтиҳон пешбинишударо аз синфхона баровардан;
- идома додани иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ баъд азитмоми вақти барои имтиҳон ҷудошуда;
- анҷом додани ҳар амали дигаре, ки хилофи талаботитартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон аст.





