Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ

Нашр шуд: 26 Декабри 2025
Диданд: 163

Душанбе, 26-уми декабри соли 2025

26-уми декабри соли 2025 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16-уми декабри соли равон баргузор гардида буд, ҷаласа доир гардид.

Дар ҷаласа директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотии ин Кумита Гадоев Абдурасул ва кормандони Марказ иштирок намуданд.

Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ ва суханони ифтитоҳии директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ оғоз шуд.

Директори Марказ Ҷаъфарзода С. Ф. қайд кард, ки Пешвои миллат соҳаҳои илму маорифро таҳлил намуда, оид ба пешрафти корҳои сохтмонӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва таълиму тарбияи насли ҷавон ибрози назар намуданд. Дар ин замина зикр доштанд, ки соли 2019 дар паёми Роҳбари давлат солҳои 2020–2040 “Солҳои бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шуда буд, ки аз он замон шаш сол сипарӣ гардид. Бинобар ин, ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб супориш доданд, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Инчунин, қайд намуданд, ки ба хотири ҳарчи зудтар ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардидани маорифи Тоҷикистон соли 2004 ба низоми кредитии таҳсилот гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат оғоз шуд ва соли 2014 ҳамаи муассисаҳои зикршуда ба ин низом гузаронида шуд. Имрӯз вақти он расидааст, ки бурду бохти низоми зикршуда аз ҷониби гурӯҳи коршиносон таҳлилу баррасӣ гардида, зимни супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм омилҳои инсонӣ пурра аз байн бурда шаванд.

Дар ин замина сохтору мақомоти зикргардида, аз ҷумла Маркази миллии тестиро вазифадор шуданд, ки дар муддати ду моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президент доир ба ин масъала маълумоти муфассал пешниҳод намоянд. Бинобар ин, мо, кормандони Марказро зарур аст, ки дар ин самт ҳарчи зудтар чораҳои мушаххасу мақсаднокро роҳандозӣ намоем.

Сарвари давлат дар Паёми худ аз дастгирии табақаи осебпазир, яъне кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ бори дигар ёдовар шудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат ин табақаи аҳолиро фаромӯш накарда, барои мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳо меандешад.

Дар маҷмуъ, Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳуҷҷатест роҳнамо барои таъмини рушди минбаъдаи кишвар, ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ҳама сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин шаҳрвандони мамлакат баҳри расидан ба соҳили мурод, яъне бунёди давлати мутараққӣ, мутамаддин, ки барои сокинонаш шароити созгори кору зиндагӣ комилан фароҳам меовард, хизмат мекунад, – қайд кард директори Марказ Ҷаъфарзода С. Ф.

Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло суханронӣ карда, қайд намуд, ки Паёми Президенти мамлакат дастурамали муҳим барои тамоми сохторҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ ва шаҳрвандон аст. Он ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръат, рушди иқтисоди рақамӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумро муайян мекунад. Дар Паём таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои энергетика дода шуд. Пешвои миллат изҳор доштанд, ки соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба кор дароварда мешавад, ки ин ба бартарафсозии пурраи норасоии неруи барқ ва ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мусоидат мекунад.

Дар идомаи ҷаласа сармутахассиси фанни таърихи Марказ Аминзода Шамсулло суханронӣ карда, қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври мунтазам бо паёмҳо баромад мекунад, ки дар онҳо натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ҷамъбаст гардида, афзалиятҳои сиёсати давлатӣ, масъалаҳои амният, маориф, фарҳанг ва равобити хориҷӣ муайян карда мешаванд.

Дар анҷом ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳнамои довталаб"-и Марказ,  барои дар даври ноҳиявии озмуни умумишаҳрии ҳизбӣ “Ташкилоти ибтидоии фаъол” сазовори ҷойи сеюм шудани ин ташкилот аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо диплом қадрдонӣ карда шуда, як нафар аз ҷумлаи кормандони ҳайати асосии Марказ ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон