Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ШАРҲИ ВАЗН (ШУМОРАИ БАЛИ ИМКОНПАЗИРИ ҲАДДИ АКСАР)-И СУБТЕСТҲО

Нашр шуд: 02 Августи 2017
Диданд: 1129

Душанбе, 2-юми августи соли 2017

Дар низоми ИМД холҳои бадастовардаи довталабон аз ҳар субтест тавассути шкалабандӣ ба балҳо баргардонида мешавад. Шкалабандӣ дар доираи ҳар субтести алоҳида вобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо ба роҳ монда мешавад. Лозим ба қайд аст, ки ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо дар ИМД-2017 дар сомонаи Марказ нашр карда шудааст.

Мувофиқи тартиб барои ҳар субтест бали ҳадди аксар муайян шудааст. Барои шкалабандии холҳои ҳар субтест шкалаҳои мувофиқ истифода мешаванд.

Дар қисми А (имтиҳони умумӣ) барои субтестҳои “Забони тоҷикӣ” ва “Таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ” шкалаи 75-балӣ ва барои субтести “Математика” шкалаи 50-балӣ истифода мешавад. Бали умумӣ барои ҳар се субтести ин қисми имтиҳон 200 аст.

Аз 3 субтести қисми Б (имтиҳони ихтисос) довталаб метавонад ҳамагӣ 300 балро ба даст орад. Вобаста аз субтести асосии қисми Б (имтиҳони ихтисос), бали бадастовардаи довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш метавонад гуногун бошад, зеро вазн (шумораи бали имконпазири ҳадди аксар)-и субтестҳо барои ихтисосҳо гуногун аст.

Масалан, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) аз рӯйи қисми Б (имтиҳони  ихтисос) барои ихтисоси “Кори табобатӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки фанни асосии имтиҳонӣ химия аст, шумораи ҳадди аксари бали субтести химия 150, биология 100 ва физика 50 мебошад. Барои ихтисоси “Кори момодоягӣ”-и коллеҷҳои тиббӣ фанни асосии имтиҳонӣ биология мебошад ва шумораи ҳадди аксари бали субтести химия 100, биология 150 ва физика 50 аст. Аз ин лиҳоз, ихтисосҳо дар як гурӯҳи ихтисосҳо боз ба зергурӯҳҳо ҷудо гардидаанд, ки онҳоро “доираи ихтисосҳо” меноманд (дар ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо ҳамчун “ДИ” ишора карда шудааст).

Фарз мекунем, ки як довталаб ҳар дуи ин ихтисосро интихоб карда, дар имтиҳонҳо аз қисми А (имтиҳони умумӣ) аз субтести забони тоҷикӣ (А1) 22 хол, аз субтести математика (А2) 18 хол, аз субтести таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ (А3) 20 хол ва аз қисми Б (имтиҳони ихтисос) аз субтести химия (Б1) 18 хол, аз субтести билогия (Б2) 25 хол ва аз субтести физика (Б3) 16 холро соҳиб гардидааст, яъне:

Холҳои бадастоварда

аз қисми А

аз қисми Б

А1

А2

А3

Ҳамагӣ

Б1

Б2

Б3

Ҳамагӣ

22

18

20

60

18

25

16

59

Бо назардошти холҳои дар боло нишондодашуда бали бадастовардаи довталаб барои барои ихтисоси “Кори табобатӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ихтисоси “Кори момодоягӣ”-и коллеҷҳои тиббӣ тибқи ҷадвалҳои мувофиқати хол ва балҳои ИМД-2016 чунин мешавад:

Номи ихтисос

Балҳои бадастоварда

Қисми А

Қисми Б

АБ ҳамагӣ

А1

А2

А3

Ҳамагӣ

Б1

Б2

Б3

Ҳамагӣ

Кори табобатӣ

34,8885

24,1213

31,761

90,7708

74,2833

57,7105

19,3855

151,3793

242,1501

Кори момодоягӣ

34,8885

24,1213

31,761

90,7708

49,5222

86,5658

19,3855

155,4735

246,2443

 

Тавре аз ҷадвал дидан мумкин аст, бали бадастовардаи довталаб барои ихтисоси “Кори табобатӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ихтисоси “Кори момодоягӣ”-и коллеҷҳои тиббӣ тибқи ҷадвалҳои мувофиқати хол ва балҳои ИМД-2016 гуногун аст. Агар ҳолати мазкурро муфассалтар шарҳ диҳем, довталаб аз 37 холи имконпазири ҳадди аксари субтести химия 18 хол (48,65%-аш) ва аз 42 холи имконпазири ҳадди аксари субтести биология 25 хол (56,82%-аш)-ро соҳиб гардидааст. Тавре аз ин бармеояд, довталаб тести биологияро нисбат ба химия беҳтар кор кардааст. Вобаста ба ин, барои ихтисосҳое, ки фанни асосии имтиҳонии онҳо химия (150 бал) аст, бинобар тести фанни мазкурро нисбат ба тести фанни биология дар сатҳи пасттар кор карданаш, бали умумии довталаб пасттар аст. Баръакс, барои ихтисосҳое, ки фанни асосии имтиҳонии онҳо биология (150 бал) аст, бинобар тести фанни мазкурро нисбат ба тести фанни химия дар сатҳи баландтар кор карданаш, бали умумии довталаб баландтар аст. Яъне, агар довталаб тести ҳар дуи фанро дар сатҳи баробар кор мекард, чунин фарқият дида намешуд. Масалан, ин довталаб дар имтиҳонҳо аз қисми А (имтиҳони умумӣ) аз субтести забони тоҷикӣ (А1) 22 хол, аз субтести математика (А2) 18 хол, аз субтести таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ (А3) 20 хол ва аз қисми Б (имтиҳони ихтисос) аз субтести химия (Б1) 17 хол, аз субтести билогия (Б2) 20 хол ва аз субтести физика (Б3) 16 холро соҳиб гардидааст, яъне:

Қисми А

Қисми Б

А1

А2

А3

Ҳамагӣ

Б1

Б2

Б3

Ҳамагӣ

22

18

20

60

17

20

16

59

Бо назардошти холҳои дар боло нишондодашуда бали бадастовардаи довталаб барои барои ихтисоси “Кори табобатӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ихтисоси “Кори момодоягӣ”-и коллеҷҳои тиббӣ тибқи ҷадвалҳои мувофиқати хол ва балҳои ИМД-2016 чунин мешавад:

Номи ихтисос

Қисми А

Қисми Б

АБ ҳамагӣ

А1

А2

А3

Ҳамагӣ

Б1

Б2

Б3

Ҳамагӣ

Кори табобатӣ

34,8885

24,1213

31,761

90,7708

70,2147

46,2363

19,3855

135,8365

226,6073

Кори момодоягӣ

34,8885

24,1213

31,761

90,7708

46,8098

69,3545

19,3855

135,5498

226,3206

 

Тавре аз ҷадвал дидан мумкин аст, бали бадастовардаи довталаб барои барои ихтисоси “Кори табобатӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ихтисоси “Кори момодоягӣ”-и коллеҷҳои тиббӣ тибқи ҷадвалҳои мувофиқати хол ва балҳои ИМД-2016 хеле наздик, қариб баробар аст. Агар ҳолати мазкурро муфассалтар шарҳ диҳем, довталаб аз 37 холи имконпазири ҳадди аксари субтести химия 17 хол (45,55%) ва аз 42 холи имконпазири ҳадди аксари субтести биология 20 хол (45,45%)-ро соҳиб гардидааст, яъне ҳар ду тестро дар як сатҳ кор кардааст. Вобаста ба ин, бали бадастовардаи довталаб барои ҳар ду ихтисос қариб баробар аст.

Бо “Феҳристи ихтисосҳо вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо) ва субтестҳои онҳо, шумораи имконпазири ҳадди аксари бал аз ҳар субтести қисми (компоненти) Б (имтиҳони ихтисос) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикисто” метавонед дар ин ҷой шинос шавед:

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон