Душанбе, 11-уми августи соли 2017
ДУШАНБЕ, 11.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуданд.
Лоиҳаҳои пешниҳодгардида дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия гардидаанд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои такмили Қонуни амалкунанда таҳия гардида, дар он ҷиҳати таҳкими фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ, салоҳияти ин комиссияҳо меъёрҳо пешбинӣ гардидаанд.
Дар лоиҳа як қатор меъёрҳои наве пешниҳод гардидаанд, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шудаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз онҳост.
Дар лоиҳа тартиби нави гузаронидани хатнасур пешниҳод мегардад. Мувофиқи он минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Хатна бошад бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Дар ин маврид таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ин самт омӯхта шуда, дар асоси ин омӯзиш пешниҳод манзур гардидааст.
Гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода мешавад.
Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ карда мешавад.
Ҳамаи ин чорабиниҳо бо мақсади сарфа намудани маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагонии мардум пешбинӣ карда мешаванд. Дар як вақт ба падару модарон ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ҳуқуқ дода мешавад, ки аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисобҳо кушоянд.
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, ҳуқуқ дода мешавад, ки бо риояи тартиби муқарраркардашуда ва бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд.
Ба моддаи 10 Қонуни амалкунанда, ки тӯи домодию арӯсиро ба танзим медарорад, низ тағйирот ворид карда шуда, дар баробари дигар маъракаҳои манъшуда, гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) манъ карда мешавад.
Инчунин дар ин модда меъёре пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. Бояд қайд кард, ки ин ташаббус аллакай дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат татбиқ шуда истодааст ва аз ҷониби мардум дастгирии худро ёфтааст.
Дигаргуниҳои ҷиддӣ ба моддаи 11 Қонуни амалкунанда, ки маросими дафну азодориро танзим менамоянд, пешниҳод гардидаанд. Мувофиқи ин пешниҳодҳо тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом бояд гузаронида шаванд. Аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Дар маросими дигари манъшудаи «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ» низ забҳи чорво ва додани таом манъ карда мешавад.
Инчунин бо мақсади ба низом даровардани гузаронидани маросими дафну азодорӣ тартиби гузаронидани онҳоро мақоми ваколатдор муайян мекунад.
Дар вохӯрию баромадҳо мардум оид ба адои маросими ҳаҷ низ пешниҳодҳои зиёд манзур намуданд. Бо назардошти ин дархостҳо ба моддаи 12-и Қонун тағйирот пешниҳод карда шуда, гузаронидани маъракаи «ҳоҷизиёрат» манъ карда мешавад. Илова бар ин тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки ҳангоми баррасии он таклифҳои шаҳрвандон ба инобат гирифта мешаванд.
Тағйироти назаррас ба моддаи 14 Қонун, ки тартиби баргузории ҷашну маросимро ба танзим медарорад, пешниҳод гардидаанд. Дар он дар асоси шартнома расонидани хизматрасониҳо пешбинӣ гардида, маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхона ва тӯйхонаҳо дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо масъул мегарданд.
Аз ҷониби сокинони мамлакат, бахусус сокинони деҳот таклифҳои зиёд оид ба вақти баргузории тӯю маросим ворид гардиданд. Бо назардошти ин таклифҳо ба моддаи 14 Қонун тағйирот пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи онҳо тӯю маросим дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6-00 то соати 22-00, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маросим то се соат муқаррар карда мешавад.
Ҳамзамон бо ин ба Қонун меъёрҳои нав дар хусуси баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои муқаррароти он пешниҳод гардида, онҳо вазифадор карда мешаванд, ки мақоми ваколатдорро доир ба баргузории тӯи домодию арусӣ ва маросими азодорӣ хабардор намуда, онҳоро дар доираи талаботи Қонун гузаронанд.
Ҳамзамон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сару либоси миллӣ эҳтиром гузошта, онҳоро аз таъсири манфии замони муосир ҳифз намоянд.
Тибқи таҳлилҳо аксари мардум бар он ақидаанд, ки талаботи Қонуни мазкурро бештар шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, сарватмандон, соҳибкорон ва ходимони дин вайрон мекунанд.
Бо назардошти ин ҳолат ба Қонун меъёри нав пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.
Ҳамчунин ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор низ тағйиру иловаҳо пениҳод гардида, ҷавобгарии шахсони алоҳида барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурзӯр карда шуданд.
Аз ҷумла, мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ҷавобгарии шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯр карда шуда, андозаи ҷарима нисбат ба шахсони мансабдор аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 12500-13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 25 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст. Нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ низ андозаи ҷарима аз 500-520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25 -26 ҳазор то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст.
Барои содир намудани ҳамин кирдор аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин бошад, нисбат ба онҳо ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим низ ҷавобгари пешбинӣ гардида, ҳангоми содир намудани онҳо ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 40 ҳазор сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни болозикр маҳз ба хотири пешгирии вайронкунии он пешниҳод гардидааст.
Дар баробари масъалаҳои зикргардида, дар лоиҳаҳои пешниҳодгардида ба дигар масъалаҳо, аз ҷумла пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт, дар ин ҳолатҳо содир намудани ҷиноят низ диққат дода шудааст.
Тавре, ки аз маълумотҳо бармеояд, ҳамасола дар роҳҳои ҷумҳурӣ бар асари садамаҳои нақлиётӣ шумораи зиёди шаҳрвандон ба ҳалокат мерасанд ва аз он бештар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебинанд. Ҳолатҳои аз тарафи ронандагони маст ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани намудани воситаҳои нақлиёт ва содир намудани садамаҳои нақлиёт низ зиёд ба қайд гирифта шудаанд.
Бо назардошти ин ҳолатҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот пешниҳод гардидаанд, ки онҳо барои пурзӯр намудани ҷавобгарӣ дар ин самт равона гардидаанд.
Аз ҷумла, дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои ҷудогона, аз ҷумла, моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342 тағйирот ворид карда шуда, дар онҳо муҳлати аз ҳуқуқи махсус- ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуда, ҷазоҳои пешбинигардида вазнин карда шудаанд. Масалан, агар моддаи 332 барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ танҳо ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиётро ба муҳлати ду сол пешбинӣ намояд, мувофиқи пешниҳод ҷазо вазнин карда шуда, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.
Ҷавобгарӣ барои бе ҳуқуқи ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт (моддаи 336 қисми1) низ пурзур карда шуда, андозаи ҷарима аз 3-5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (150-250 сомонӣ) то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (12500 сомонӣ) зиёд карда шудааст.
Агар дар Кодекси амалкунанда барои идора намудани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, ҷарима ба андозаи 50-70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (2500-3500 сомонӣ) пешбинӣ мегардид, дар лоиҳаи пешниҳодгардида андозаи ҷарима 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне бист ҳазор сомонӣ) пешбинӣ гардидааст. Барои такроран дар давоми сол баъди таъйин намудани ҷазои маъмурӣ содир намудани ин кирдор бошад, шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Тағйироте, ки ба моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, барои пурзӯр намудани ҷазо нисбати шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намудаанд ва ё дар ҳолати мастӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, боиси ҳалокати одамон гаштаанд, равона гардидаанд.
Аз ҷумла, барои дар ҳолати мастӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол пешбинӣ карда мешавад.
Агар ҳамин кирдор боиси марги зиёда аз ду шахс гардад, он гоҳ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол пешбинӣ карда мешавад.
Барои дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, низ ҷавобгарӣ пурзӯр карда шуда, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ё ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (25 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ карда мешавад. Бояд қайд кард, ки Кодекси амалкунанда фақат ҷазоҳои ғайриҳабсӣ, аз ҷумла ҷарима то дусад нишодиҳанда барои ҳисобҳоро (10 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ менамуд.
Дар баробари ҷазоҳои асосӣ меъёр дар бораи аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт то 20 сол маҳрум кардани шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намудаанд, ба моддаи 50 Кодекси ҷиноятӣ пешниҳод гардидааст.
Ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» тағйирот ҷиҳати ворид намудани меъёрҳо оиди манъи ба муассисаҳои таълимӣ бо идоракунии воситаҳои нақлиёти механикӣ омадани хонандагон ва донишҷуён пешниҳод гардидаанд. Дар сурати ба муассисаҳои таълимӣ бо идоракунии воситаҳои нақлиёти механикӣ омадани хонандагон ва донишҷуён онҳо аз муассисаҳои таълимӣ бе ҳуқуқи барқарор кардан хориҷ карда мешаванд.
Дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, онҳо вазифадор карда шуданд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя намоянд ва риояи онро аз ҷониби фарзандонашон таъмин намоянд. Риоя накардани ин талабот барои аз вазифа озод намудани хизматчии давлатӣ асос мегардад.
http://khovar.tj/2017/08/shar-i-ta-jiru-ilova-o-ba-onuni-um-urii-to-ikiston-dar-borai-tanzimi-anana-va-ashnu-marosim-o-dar-um-urii-to-ikiston-va-digar-sanad-oi-meyorii-u-u-dar-samti-tanzimi-anana-va-ashnu-marosim-o/