Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

Шарҳе ба мафҳуми авлавияти интихоб

Нашр шуд: 18 Августи 2014
Диданд: 923

Душанбе, 18 августи соли 2014

Бинобар пайдо шудани зарурат Маркази Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки бори дигар мафҳуми авлавияти интихобҳоро, ки дар вақти интихоби ихтисосҳо бо вуҷуди маротибаҳо шарҳу тавзеҳ додан ва дар тамоми маводи иттилоотию дастурӣ баён намудан барои баъзе довталабон бо сабабҳои номаълум нофаҳмо мондааст, шарҳ диҳад.

Чуноне, ки маротибаҳо аз тарафи кормандони марказ гуфта шуда, дар маводу мақолаҳо низ баён гардидааст, тақсимоти довталабон ба ихтисосҳои интихобкарда  тибқи тартиби муқарраргардида бо назардошти теъдоди ҷойҳои нақшавӣ, теъдоди довталабон дар ҳар як ихтисоси муайян, авлавияти интихобҳои довталабон дар асоси баллҳои бадастовардаи онҳо гузаронида мешавад. Яъне ба тартиби аз болотарин (якум) ба поён. Тақсимоти довталабон бо назардошти маҳз авлавияти интихобҳою баллҳои бадастовардаи довталабон ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути Системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ сурат мегирад. Барои анҷом додани чунин кор зарур аст, ки авлавияти интихобҳо пешакӣ муайян карда шавад, зеро дар ғайри ин сурат дар асоси кадом принсип тақисмот кардан номуайян монда, тақсимот ба як амали беохиру бенизом табдил ёфта, ба ҳар як довталаб, ки эҳтимол дорад баллҳои бадастовардааш дар доираи баллҳои гузариши якчанд ихтисоси интихобкардааш мувофиқат намояд, зарурати ПУРСИДАН ва МУАЙЯН кардани хоҳиши довталаб дар хусуси ба кадом ихтисос гузаронидани ӯ ба вуҷуд меояд. Аз сабаби зиёд будани теъдоди довталабон ва кам будани муҳлати эълони натиҷаҳо чунин кор имконнопазир аст ва метавонад тақсимот довталабонро “ҷиҳати гирифтани розигии ҳар як нафар”  ба моҳҳо расонад.

Маҳз бо назардошти нуктаҳои боло, марказ ҳангоми таҳияи модули тақсимоти довталабон принсипи авлавияти интихобҳоро пешбинӣ намуд. Мафҳуми мазкур дар тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии батанзимоварандаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва дигар маводи методию дастурӣ ва иттилоотии марказ, аз ҷумла Тартиб ва тарзи қабули имтиҳонҳои қабул барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2013, № 2935 тасдиқ ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2013, № 722 ба қайд гирифта шудааст), Қоидаҳои умумии қабули таълимгирандагон (донишҷӯён) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28  ноябри  соли 2013, № 19/2  тасдиқ шудааст), маводи дастурию методии “Роҳнамои довталаб” ва ғайра низ шарҳ дода шудааст.

Ҳамин тариқ ҳар як довталаб дар вақти бақайдгирӣ худаш авлавият ва ё ба қавли дигар афзалияти интихобҳои худро ба тартиби аз 1 то 10 муайян намуда, дар рӯйхати ихтисосҳои интихобкардааш онро ворид менамояд. Ногуфта намонад, ки барои тағйири интихобҳо, аз ҷумла, гурӯҳи ихтисосҳо (кластер), МТОК, ихтисос, шакл, намуд ва забони таълим давраи азнавбақайдгирӣ аз 15 то 30 апрели соли 2014 муқаррар гардида буд, ки тибқи тартиб дар сурати хоҳиш доштан ҳар як довталаб метавонист, ки  интихобҳои худро иваз намояд.

Нуктаи муҳимме, ки бояд онро дуруст дарк намуд, ин аст, дар сурати риоя накардани тартиби мазкур бинобар таъсири омили инсонӣ боварии ҷомеа нисбати шаффофияти раванди тақсимот коҳиш меёбад ва дар баробари ин мушкилоти зиёди дигаре низ ба вуҷуд меояд. Таъкид менамоем, ки ҳадафи асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шаффоф гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ роҳ ёфтани довталабони арзанда мебошад. Ҳамчунин, хотиррасон менамоем, ки тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқи баробар доранд.

Хулоса, ҳангоми тақсимот дар навбати аввал интихоби якуми довталаб бо назардошти баллҳои бадастовардааш санҷида шуда, танҳо дар сурати мувофиқат накардан, интихоби дуюми ӯ санҷида мешавад ва дар сурати нагузаштан ба ҳамин тартиб то интихоби охирини довталаб санҷида мешавад. Дар сурати гузаштан ба интихоби якум ва ё умуман яке аз интихобҳо, новобаста аз мувофиқат кардани баллҳои бадастоварда интихобҳои баъдии довталаб санҷида намешавад, зеро дар ғайри ин ҳолат принсипи авлавияти интихобҳо, ки аз тарафи худи довталаб муайян карда шудааст, риоя намегардад ва метавонад боиси сар задани баҳсҳои ҳуқуқӣ шавад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹Май 2025›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон