Душанбе, 18-уми марти соли 2024
Яке аз анъанаҳои хуб ва қадимаи мардуми тоҷик дар арафаи ҷашни Наврӯз тозаву озода намудани хонаву кошона, кӯчаву маҳалла ва роҳу гулгаштҳо мебошад. Ин анъанаи неки мо – тоҷикон, ки ҳазорсолаҳо инҷониб идома дорад, бозгӯ аз соҳибфарҳанг ва тозакору созанда будани ин миллати тамаддунофар аст.
16-уми марти соли 2024 ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳудуди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон шанбегии дастаҷамъӣ гузаронида шуд.
Дар ин рӯз, дар баробари тозаву озода намудани гирду атрофи Марказ, кормандон дар саҳни бинои муассиса гулҳои ороишӣ шинониданд.
Бояд гуфт, ки чунин иқдоми ободкорӣ то фарорасии ҷашни Наврӯз ва минбаъд низ дар Марказ идома хоҳад ёфт.