Душанбе, 8‐уми феврали соли 2021
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиш ва интихоби роҳбарон, ёварони роҳбарон ва бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 аз 8-уми феврали соли ҷорӣ семинарҳои омӯзиширо барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ оғоз менамояд.
Мувофиқи нақша дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар 34 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 40 нуқтаи бақайдгирии доимӣ бо теъдоди 142 истгоҳи корӣ ва дар 25 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешавад.
Тибқи эълон бо тариқи электронӣ 571 нафар хоҳишманд бо мақсади иштирок дар озмун барои интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ ариза (бо ҳуҷҷатҳои дигар) пешниҳод намудаанд. Аз ин шумора, мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда, 440 нафарашон ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд.
Барои ташкилу баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент, Рашт ва Данғара аз ҷумлаи кормандони Марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст. Тибқи барнома семинарҳои омӯзишӣ барои 15 гурӯҳ дар шаҳрҳои зикршуда то 20-уми феврали соли ҷорӣ давом меёбад.
Дар асоси озмун шахсони ба талабот ҷавобгӯй ва дорои донишу маҳорати арзанда барои кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд, ки шумораашон 220 нафарро ташкил медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки бақайдгирии довталабон 1-уми марти соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад.