Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ PISA 2025

Нашр шуд: 21 Феврали 2024
Диданд: 14208

Душанбе, 20-уми феврали соли 2024

 20-уми феврали соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи "Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" вобаста ба омода намудани ҳамоҳангсозони мактабҳо барои баргузории Барномаи байналмилалии дастовардҳои таҳсилии хонандагон (PISA 2025) семинари омӯзишӣ доир шуд.

Дар семинар Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ), Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми кишвар, Штефан Зиверт, роҳбари Лоиҳаи “Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Айгул Казжанова, коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо, намояндагони Вазорати маориф ва илм ва директорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе иштироку суханронӣ намуданд.

Дар оғоз Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Марказ бо суханронии худ семинари омӯзиширо ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар PISA 2025 барои арзёбии сифати таҳсилот дар асоси муносибати босалоҳият, ислоҳоти соҳаи маориф, ҷорӣ намудани низоми самараноки таълим, механизмҳои институтсионалии арзёбӣ, ки дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зикр мешавад, хубу натиҷаовар аст. 

Директори Марказ дар идомаи суханронии худ, ҳамчунин қайд кард, ки тибқи нақша аз 22-юми апрел то 11-уми майи соли 2024 озмоиши маҳаллии Лоиҳаи татбиқи PISA 2025, инчунин соли 2025 таҳқиқоти асосӣ бо иштироки ҳамаи мактабҳои шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

Баъдан Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми кишвар суханронӣ намуда, зикр дошт, ки Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки дар баргузор кардани PISA 2025 ширкат варзида, натиҷаи таҳқиқоти мазкурро дар беҳбуд бахшидани соҳаи маориф истифода намояд.

Дар идомаи семинари мазкур, ҳамчунин дар бораи таҷриба ва натиҷаҳои иштироки Ҷумҳурии Қазоқистон дар барномаҳои байналмилалии арзёбии сифати таҳсилот, ҳамоҳангсозони воситаҳои арзёбӣ ва тартиби баргузории таҳқиқоти PISA ва мавзуъҳои ба лоиҳаи мазкур дахлдор сухан рафт.

 

Баъди ба итмом расидани суханрониҳо ба омӯзгороне, ки дар семинар иштирок доштанд, кори амалӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмоиши маҳаллии PISA 2025 бо иштироки хонандагон дар муасcисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон (шаҳри Душанбе) бори аввал дар таҳқиқоти PISA иштирок менамояд ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули гузаронидани PISA 2025 таъйин шудааст.

Семинари мазкур бо саволу ҷавоби иштирокдорон, бахусус директорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ба охир расид.

Лозим ба зикр аст, ки 21-уми феврал ин гуна семинар барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон